Jump to content

Облоқул Бақоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Облоқул Бақоев
Облоқул Бақоев
Таърихи таваллуд 1 январ 1957(1957-01-01)
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 28 ноябр 2013(2013-11-28) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ветеринария (тибби байторӣ)
Ҷойҳои кор совхози ба номи С.М. Кирови ноҳияи Рӯдакӣ, Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон, отряди ветеринарии санитарӣ ва «Тоҷикветснаб», Шӯрои ҳифзи ҳайвонот, мушовир доир ба чорводории ташкилоти ҷамъиятии Маркази машваратӣ ва иттилоотӣ (1979–2010)
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1979)

Облоқул Бақоев (01.01.1957, Душанбе — 28.11.2013, Душанбе) — олим, номзади илмҳои илмҳои байторӣ (ветеринарӣ) (1983).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Облоқул Бақоев дар факултаи байтории Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) таҳсил кардааст (1974–1979). Ходими хурди илмии Ин.-ути тадқ. илмии байтории Тоҷикистон. Аспиранти Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон (1980–1983). Духтури ветеринарии совхози ба номи С.М. Кирови ноҳияи Рӯдакӣ, референти калони шуъбаи кадрҳои Совети Вазирони Тоҷикистон, директори генералии отряди ветеринарии санитарӣ ва «Тоҷикветснаб», раиси Шӯрои ҳифзи ҳайвонот, мушовир доир ба чорводории ташкилоти ҷамъиятии Маркази машваратӣ ва иттилоотӣ (1979–2010). . Муаллифи 8 мақолаи илмӣ.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6