Jump to content

Овоздиҳӣ дар парлумон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Овоздиҳӣ дар парлумон - яке аз воситаҳои ошкор намудани иродаи вакилони халқ оид ба масъалаҳои муҳокима ва ҳалшуда дар мақомоти дахлдори намояндагии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Тарзи овоздиҳии парлумонӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудааст.

Овоздиҳӣ дар парлумон дар ду шакл сурат мегирад:

1) бо овоздиҳии кушод овоздиҳии кушод (бо даст бардоштан, аз ҷой хестан, ном ба ном овоз додан ва ғайра). Овоздиҳии ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба атрофиён маълум мегардад. Дар замони ҳозира парлумон мошинаҳои овоздиҳии электрониро истифода намуда, ҳангоми ҳисоб намудани овози ҳар як овоздиҳанда (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон) дар табло мафҳумҳои «тарафдор», «муқобил» ва «бетараф» сабт мешавад:

2) шакли дигари овоздиҳии парлумонӣ овоздиҳии пинҳонист овоздиҳии пинҳонист. Бо ин тарзи овоздиҳӣ ҳар як овоздиҳанда мустақилона (дар хоначаҳои махсус таҷҳизонидашуда) бюллетени овоздиҳиро пур намуда, ба қуттии барои овоздиҳӣ муқарраршуда мепартояд. Агар барои овоздиҳии пинҳонӣ мошинаи овоздиҳии электронӣ истифода шавад, он гоҳ дар мошина қайди ном ба номи овоздиҳанда ҷой дода намешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 360