Одина Азимӣ
Одина Азимӣ | |
Таърихи таваллуд | 05.05. 1952 |
Зодгоҳ | ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ |
Таърихи даргузашт | 15 апрел 2000 |
Пеша | шоир |
Одина Азимӣ - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Одина Азимӣ 5 майи соли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар, соли 1969, вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) шуда, соли 1973 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишкада муддате дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намуда, соле чанд дар мактабҳои ноҳияи Пролетар муаллимӣ кардааст. Аз соли 1987 то рӯзи вафоташ мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳиявии «Пролетар тонгӣ» будааст. Одина Азимӣ 15 апрели 2000 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо шеърнависӣ асосан аз охири солҳои шастум оғоз намуда, аввалин сурудаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва алманахҳои «Шукуфаҳои умедбахш»-у «Модарнома» чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ману ту» (1984), «Умеди сур» (1991), «Деҳаи мо» (1992), «Ашки сапеда» (1995), «Нигоҳи дил» (1998) ва ғ. мебошад. Чанде аз шеърҳояш бо забонҳои булғорӣ ва ӯзбакию қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 30 ISBN 978-99947-2-379-9