Jump to content

Од (қавм)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Од - аз фарзандони Сом ибни Нӯҳ буд ва қабилааш низ ба номи ӯ «Од» хонда шуд. Ин қавмро амире буд ба номи Шаддод ибни Од ки бинои Ирами зотулимодро ба ӯ нисбат додаанд. Од бо Самуд аммазодагон буданд ва дар Қуръон ҳам ағлаб қиссаи ин ду қабила бо ҳам меояд. Дар ҷаҳон аз эшон мардуме қавитар ва баландболотар набуд. Шунавоӣ ва биноии онон то ҳадди шигифтӣ буд ва чандон зӯр доштанд, ки агар пой ба замини хушк мезаданд, то зону ба замин фуру мерафтанд. Қуръон (Ҳоққа: 7) ононро ба хурмобуноне афканда ташбеҳ кардааст. Қавми Од мардуме бутпараст ва ҷаббор буданд ва дар замини Яман ҷое ки Аҳқоф гӯянд байни Яман ва Уммон аз Баҳрайн то Хазрамавт сукунат доштанд ва аз он ҷо ба соири ҷоҳо пароканда шуданд. Худованд Ҳудро ба паёмбарӣ назди эшон фиристод, ки панҷоҳ сол ононро ба худованд мехонд, онҳо мегуфтанд: мо ба ту нахоҳем гаравид ва даст аз бутони хеш барнахоҳем дошт ва ӯро ба девонагӣ нисбат доданд ва Ҳуд эшонро аз азоби худой бим дод. Вафди (расулон) Од: Ва чун ҷуз андаке ба ӯ нагаравиданд худованд бар онҳо қаҳт ва хушксолӣ фиристод. Бо худ гуфтанд расул ба Макка фиристем, то дуо кунанд ва борон хоҳанд. Се танро бо чорпоён бифиристонданд то дар Макка қурбонӣ кунанд. Эшон дар Макка хешоне доштанд ки онҳоро меҳмон карданд ва донистанд ки вафди Оданд ва ба борон хостан омадаанд. Набид ва канизакони муғанния оварданд ва ба хурдан машғул шуданд ва як моҳ бимонданд ва аз қавми хеш ёд наоварданд. Дар араб масале дар иртибот бо ин қазия падид омада, ки ҳар куҷо расуле фиристанд ва ӯ ба кори худ машғул шавад ӯро «вафди Од» хонанд. Пас боде андар омад ва онҳоро бар замин афканд то ҳафт шабу ҳашт рӯз (Ҳоққа:7). Танҳо ду тан аз онон ба номи «Луқмон» ва «Мурсад» монданд, ки пас аз нобудии қавми худ қурбониҳо карданд ва ин ду мусулмон буданд. Муаррихони араб қавми Одро ҷузви араби боида (нобудшуда) мешуморанд ва ба қидмати он масал мезананд. Дар Қуръон (Фаҷр:7) Ирами зотулимод ба ба Од нисбат дода шуда, ҳамон ки бархе ҳам ба Шаддод мансуб доштаанд. Баъзе ховаршиносон Одро бо қавми «оводитс» ки ба қавли Батлимиюс дар Ҷазиратулараб мезистанд, яке донистаанд. Қавми Од ба унвони гурӯҳе ситамкор, ки мояи ибрати дигарон шуданд, Калимаи «Од» ва каламоти баъдии ин боб дар матни асл (форсӣ) бо ҳарфи ъайн( ع ) шурўъ мешаванд, вале ба хотири риояи имлои тоҷикӣ (зимни ҳазфи ҳарфи ъайн) ин боб ба садонокҳои гуногун дар шурўъи калимаҳо иборат шудааст. Қавми Од ба унвони гурӯҳе ситамкор, ки мояи ибрати дигарон шуданд, дар адаби форсӣ шинохтаанд. [1]

  1. Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг. 16 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.