Озоди Билгромӣ
Озоди Билгромӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 1704[1][2] ё 29 июни 1704 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1786[1][2] ё 15 сентябри 1786 |
| Маҳалли даргузашт | |
| Навъи фаъолият | муаррих, шоир, нависанда, муаллиф |
| Забони осор | арабӣ |
Мирғуломалӣ ибни Нӯҳ Ҳусайнии Воситӣ (форсӣ: میر غلامعلی بن نوح حسینی واسطی), маъруф ба Озоди Билгромӣ (форсӣ: آزاد بلگرامی; 1704[1][2] ё 29 июни 1704, Балгиром, Q16626428? — 1786[1][2] ё 15 сентябри 1786, Аврангобод, Роҷи Бритониё) — ориф, шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар назди уламову фузалои Ҳиндустон таҳсил кардааст. Илми адабиёт ва таърихро аз олими маъруфи замонаш Абдулҷалили Балгироми омӯхтааст.
Озод пас аз таҳсили Мадраса тақрибан дар 34-солагӣ ҳамчун донишманди замон шӯҳрат меёбад. Ӯ бисёр шаҳрҳои Ҳиндустону Эрон ва мамлакатҳои арабро саёҳат карда, бо намояндагони илму адаби ин кишварҳо сӯҳбат намуда, оид ба зиндагӣ ва мероси адабии онҳо санаду ҳуҷҷатҳо гирд меорад, ки барои таълифи тазкираҳо ва асарҳои таърихию адабӣ ба ӯ ёрӣ расонданд.
Аз Озод осори илмию адабии пурқимате боқӣ мондааст, ки муҳимтарини онҳо тазкираҳои «Яди байзо», «Хизонаи омира» ва «Сарви озод», асарҳои таърихию ҷуғрофии «Маосир-ул-киром», «Сабдат-ул-марҷон фӣ осор-ил-Ҳиндустон», «Равзат-ул- авлиё», девонҳои форсию арабӣ ва ашъори пароканда мебошанд. Тазкираҳои Озод дар омӯхтани таърихи адабиёти форс-тоҷик ва робитаи адабии Ҳинду Мовароуннаҳр аҳамияти илмию адабӣ доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Озод Мирғуломалихон // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).