Оилаи ҳуқуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Оилаи ҳуқуқӣ» - истилоҳи илмӣ- ҳуқуқӣ аст, ки барои ифодаи низоми ҳуқуқии ба ҳам наздики якчанд давлатҳои ҷаҳон истифода мешавад. Бо назардошти он ки низоми ҳуқуқии якчанд кишвар дорои аломату сифатҳои умумӣ аст, мафҳуми «оилаи ҳукуқӣ» (ин ҷо ибораи «оилаҳои ҳуқуқӣ» на ба маънои биологӣ, балки махсуси ҳуқуқӣ омадааст) пешниҳод шудааст. Дар асоси аломатҳои ба ҳам наздики ҳуқуқӣ (сарчашмаҳои наздик, таснифи умумии соҳаҳои ҳуқуқ, мафҳумҳои наздики ҳуқуқӣ ва ғ. умумияти низоми ҳуқуқии якчанд давлатҳо таъмин мегардад, ки онро «оилаи ҳуқуқӣ» меноманд. Ҳамин тариқ, оилаи ҳуқуқӣ мафҳуми илмию муқоисавӣ аст, ки якчанд низоми ҳуқуқии миллии дорои аломатҳои умумиро дар бар мегирад. Барои таснифи онҳо маҳакҳои ҳуқуқӣ, аз қабили таърихӣ-назариявӣ, техникӣ - ҳуқуқӣ, мафкуравӣ - ҳуқуқӣ, амалӣ - ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Дар асоси онҳо оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосирро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

1) оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ;

2) оилаи ҳуқуқи умумӣ;

3) ҳуқуқи мусулмонӣ;

4) ҳуқуқи Ҳиндустон;

5) ҳуқуқи Шарқи Дур;

6) ҳуқуқи одатии африқоӣ.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оила

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 368