Олими Искандарӣ
Олим Бобоев | |
Таърихи таваллуд | 1958 |
Зодгоҳ | Панҷакент |
Таърихи даргузашт | 8 феврал 2012 |
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Олими Искандарӣ (Олим Бобоев; 1952, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 8 феврали 2012[1], Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Олими Искандарӣ 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар хонаводаи Искандари Танбӯрӣ дида ба олам кушодааст. Соли 1986 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1986) хатм карда, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Овозхонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Олими Искандарӣ пас аз хатми Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 1980 бо овози нодиру қавӣ ва ширадораш дар радифи хонандагони тавонои «Шашмақом» қарор гирифт, вале дар айни авҷи шуҳраташ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Душанбе кард ва ин ҳама муддат дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент ба сар мебурд.
Аммо дар ин миён якҷо бо ҳунарпешагони номдори Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии этникӣ ба Порис даъват шуд ва пас аз итмоми ин ҷашнвора бо дархости мусиқидонони фаронсавӣ се моҳ дар Фаронса монд ва якҷо бо ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои мухталифи ин кишвар дар Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси Порис, ки маҳшуртарин таълимгоҳи мусиқии Аврупо ба шумор меравад, аз "Шашмақом" ва мусиқии мардумии тоҷик дарс дод[1].
Дар соли 2006 Олими Искандарӣ бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва нақша дошт, ҳамаи гӯшаҳои "Шашмақом"-ро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва забт кунад. Вай аз шеваи иҷрои ин асари классикии мусиқии тоҷик дар кишвар қонеъ намуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш "Шашмақом" метавонад, ба мусиқии ирфонӣ ё классикии Ғарб дасту панҷа нарм кунад[1].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Олим Бобоев 8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Даргузашти овозхони гӯшанишин Олим Бобоев(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 10 июни 2020 санҷида шуд.