Оперетта
Оперетта (ит. operetta, фр. operette, айнан – операи хурд, кӯчак), асари мусиқии саҳнавии хислати мазҳакавидошта, ки дар драматургияи мусиқӣ якҷояшавии мусиқии вокалӣ ва созӣ, рақс ва муколамаи гуфтугӯ фаро гирифта мешавад. Дар Оперетта монанди опера, аз мусиқии созиву овозӣ – ария, дуэт, ансамбл ва хор истифода мебаранд.
Таърихи Оперетта
[вироиш | вироиши манбаъ]Оперетта дар заминаи мазҳакаи мусиқӣ, операи ҳаҷвӣ, водевилҳои фаронсавӣ ва зингшпили олмонӣ ба вуҷуд омада, ҳамчун навъи мустақили асари саҳнавӣ солҳои 50-уми садаи XIX дар Фаронса пайдо шудааст. Сипас он дар тамоми Аврупо паҳн гардида, ҳаводорону ҳомиёни зиёде пайдо мекунад. Дар инкишофи минбаъдаи он саҳми Ф. Эрве, Ж. Оффенбах, Ш. Лекок (Фаронса), А. Салливен (Англия), И. Штраус, Ф. Зуппе (Австрия) ва диг. калон аст. Композиторон И. Дунаевский ва Н. Стрелников бошанд (Солҳои 20 садаи ХХ), Опереттаи шӯравиро асос гузоштаанд. Пас аз ин композиторон аз қабили Б. Александров, Ю. Милютин, В. Соловёв-Седой, Т. Хренников ин иқдомро идома дода, саҳми босазо гузоштаанд.
Оперетта дар санъати мусиқии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин Опереттаи тоҷик «Розия»-и З. Шаҳидӣ ва С. Баласанян ба шумор меравад, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ соли 1946 гузошта шудааст. Аз ин пас ООпереттаҳои «Духтаре аз Душанбе»-и З. Шаҳидӣ, «Бибӣ ё Бобо ва ё домоди воломақом»-и С. Урбах, «Оби ҳаёт»-и Г. Александров ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии ҶТ Опереттаи «Дугонаҳо»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (1993) ба майдон омаданд. Инчунин дар саҳнаи театри тоҷик як қатор Опереттаҳои композиторрони классики ҷаҳонӣ барои тамошобинони тоҷик ба саҳна гузошта шудаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.283-284 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)