Ориф Шукуров
Ориф Шукуров | |
---|---|
Ориф Шукурович Шукуров | |
Таърихи таваллуд: | 1908 |
Таърихи даргузашт: | 1989 |
Фазои илмӣ: | олим |
Ориф Шукуров — номзади илми биологӣ (1950), профессор (1966). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957).
Зиндагинома[вироиш]
Ориф Шукуров Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1940)., ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: флора ва рустаниҳои Тоҷикистон, географияи рустаниҳо, захираҳои рустаниҳо. Директори Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1943-1953; 1961-1968). Ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1953-1957). Саркотиби илмии Раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-1961). Мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (1970-1989).
Ҷоизаҳо[вироиш]
Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат», «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст. Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1958).[1]
Сарчашма[вироиш]
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Википедиа:Мақолаҳо бо викификатсияи дастии таърих дар қуттӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Биологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо