Jump to content

Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Куруши Кабир. Расм бо нақши барҷаста

Ба вуҷуд омадани давлати Ҳахоманишиҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IX- VII пеш аз мелод тааллуқ дорад. Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони Ғарбӣ ба ҳайати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд. Дар асрҳои VIII-VII қисмати муҳими хоки шимолу ғарби Эрон дар зери идораи давлати подшоҳии Мод муттаҳид гардид. Дар миёнаи асри VI пеш аз мелод ба ҷои давлати Мод (Мидӣ) Шоханшоҳии Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд меояд. Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II (Куруши Кабир) гузошт, ки пештар чун вилояти зертобеъ ба салтанати Мод мутеъ буд. Ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз нафақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз мелод давлати Модро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Модро ҳам соҳиб шуд. Тоифаҳои эронизабон дар марҳилаҳои аввалаи нуфузи худ ба Эронзамин (аз охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милод) ҳануз ба ҳамон дараҷаи тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ, ки таъсиси иттиҳодияи мисли давлат имкон медода бошад, нарасида буданд. Фақат баъдтар дар асоси ин тоифаҳо ва ба онҳо омехтани аҳолии маҳаллии як қатор вилоятҳои Эрон тамаркузи (консолидацияи) унусурони эронизабон ба амал омада, дар натиҷаи инкишофи он дар чоряки дуввуми асри VII пеш аз милод давлати подшоҳии Мидӣ таъсис меёбад, ки аввалҳо дар ҳудуди ноҳияи Экботан (Ҳамадон) ва чанде аз вилоятҳои ҳамсоя қарор гирифта, пас аксарияти вилоятҳои Эрон (аз ҷумла, вилояти Форс), хоки давлатҳои Монӣ ва Урарту, як идда ноҳияҳои тобеи давлати Ошур, қисмати шарқии Осиёи Хурдро тасарруф намуд; ҳудуди он дар Шарқ то сарҳади Осиёи Миёна расида буд. Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод ба ҷои давлати Мод (Мидӣ) давлати Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд меояд. Бо зуҳури давлати ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо ҳамон равандҳои хоси давраи гузашта (асрҳои IX – VI пеш аз милод ), ки тамоили ба як давлат муттаҳид кардани халқу кишварҳои мухталифи шарқи бостониро (чунон ки давлатҳои Ошур, Урарту, Мод ва Бобули Нав муттасил вусъат меёфтанд) ифода менамуд, ба анҷом расиданд.

Куруши II ҷангҳои зиёде кардааст. Ӯ аввал тамоми мулкҳои тобеи давлати Модро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлкати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард.

Футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]
Навиштаҷоти кӯҳи Бесутун

Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки давлати Ҳахоманишӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид. Ҳамаи ин барои амали гардидани ниятҳои Куруш дар бобати ба вуҷуд овардани давлати паҳновари фарогирандаи тамоми Осиё шароит ва имконият муҳайё сохт. Пас аз фатҳи Лидия, ба қавли Ҳеродот (I, 153), "дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул. мардуми бохтар, сакоиҳо ва мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯмехост шахсан худаш сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди иониҳо сарлашкари дигареро фиристод." Чунин нақшаи Куруш тасодуфи набуд: аз афташ, ӯ дар бораи иқтидор ва омодагии ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна вықуфи комил дошт. Бинобар ин ӯ дар сафарҳои ҷангии худ фармондиҳии қӯшунро, ҳатто ба наздиктарин сарлашкарони худ ҳам бовар карда супурда наметавонист. Чи навъе ки Ҳеродот хабар медиҳад (I, 177), «Қисми зиёди аҳолии Осиёи поёнро Гарпаг ва Осиёи болоро худи Куруш, ки халқҳои онро паси ҳам, ба ҳеч яке раҳм накарда, ба асорат дучор мекард, аз дами теғ гузарониданд». Муаррихи Бобули асри III пеш аз милод Беррос ҳамчунин хабар медиҳад, ки Куруш танҳо пас аз мутеъ кардани тамоми Осиё ба Бобул лашкар кашид. Ҳамаи ин далелҳо нақлу ривояти Николаи Димишқиро («Таърих» 75) дар хусуси ин ки пас аз ғалабаи Куруши II бар давлати подшоҳии Мидӣ гуё сатрапи Гиркон ба пои худ омада, изҳори итоат карда бошад ва «сипас, сатрапҳои портҳо, сакоиҳо, бохтариҳо ва соири халқо паси ҳам, яке пештар аз дигаре омадаанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо иштибоҳи маҳз аст, зеро бохтариҳо ва сакоиҳо ба ҳайати давлати Мидӣ намедаромаданд ва онҳоро тасхир кардани Куруш холо дар пеш буд. Ин гуфтаҳо зоҳиран, дар ҳақи дигар вилоятҳо ҳам нодуруст аст. Дар ин бобат ахбори Трог дар нақли Юстин (1,7,2) ба ҳақиқат наздиктар аст: «Давлатҳое, ки пеш тобеи мидиҳо буданд, тағири ҳокимиятро тағироти вазъи худ пиндошта, аз Куруш ҷудо шуданд; ин барои Куруш баҳонае гардид, ки ба ҷангҳои сершумор оғоз намояд ». Баъзе тафсилоти футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна аз тарафи Ктесий (фикраи 9/29) низ баён ёфтааст. Ӯ хабар медиҳад, ки Куруш «бо бохтариҳо меҷангид, вале дар муҳориба бартарии ягон тараф аён нагардид». Фақат пас аз он ки бохтариҳо аз устувории вазъияти сиёсии дохили давлати Ҳахоманиши огоҳ шуданд, «ихтиёран» ба Куруш сари итоат фуруд оварданд.

Махсусан маълумоти навиштаҷоти кӯҳи Бесутун, ки бо амри Дорои I сабт шудааст, аҳамияти калоне дорад. Аз ин навиштаҷот роҷеъ ба ҳайати давлати Ҳахоманишӣ то замони ҷулуси Дорои I бисёр мадракҳои баҳснопазир ба даст овардан мумкин аст. Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки дар фосилаи байни вафоти Куруши II ва ба тахт нишастани Дорои I, яъне дар солҳои 530- 522 пеш аз милод Ҳахоманишиҳо на ин ки ба тобеъ кардани вилоятҳои нави Осиёи Миёна, балки ба фатҳи Миср ва умури дохилии давлати худ машгул буданд. Доро дар сутуни авали навиштаҷоти мазкур: «Ин аст он кишварҳое, ки бо меҳрубонии Аҳуро – Маздо насиби ман гардидаанд» мегӯяд ва аз ҷумлаи ин кишварҳо Порт, Ориё, Хоразм, Бохтар, Суғд ва ҳамчунин вилоятҳои ҷануби Афғонистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон: Кандаҳор, Сатагидия, Арахосия ва дар миёнаи ду вилояти аввал «Сака»-ро (эҳтимол, сакоиҳо ҳавмаварга дар назар дошта шуда бошад) ном мебарад. Дар сарчашмаҳои Юнони Қадим ахборе (Плиний, VI 23) мавҷуд аст, ки Куруш Каписаро ( муҳақиқон одатан онро ба маҳали Бағроми назди Кобул нисбат медиханд) хароб намуд. Дар асоси хулосаи он далелу мадракҳои хеле кам, ки мо дар даст дорем метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои хавмаварга, муяссар гардидааст. То куҷоҳо тӯл кашидани ҳудуди давлати Ҳахоманишӣ дар қисмати шимолу шарқ ба мо маълум нест. Як вақтхо чанде аз муҳаққиқон ба баъзе сарчашмаҳои баъдина, ки бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медоданд, истинод намуда, то Фарғона мерасидани ҳудуди давлати Ҳахоманиширо тасдиқ кардани мешуданд. Вале ин иддао дар асоси таҳқиқу таҳлили мадракҳои забони то андозае аҳамияти худро аз даст дод. Чунин мулоҳизае баён ёфт, ки шаҳр, дар воқеъ Куруш – ката ном дошта, қисми аввали калима мумкин аст номи қабила бошад ва юнониҳо ин калимаро каме дигар карда Кирэсхата хондаанд.

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ дар сари қӯшун қарор гирифта, ба набарди зидди онҳо мерафт. Аксари муаллифони қадим роҷеъ ба ин ҷангҳои Куруш маълумот медиҳанд, аммо арҳ кадоми онҳо воқеаро ба таври худ баён менамоянд. Яке мегӯяд: Куруш аз дарёи Аракс убур карда, ба сарзамини массагетҳо дохил шуд, ки сарвари онҳо малика Томирис буд. Дигаре ҳам тақрибан ҳамин тавр нақл мекунад: Куруш бо скифҳо, ки дар сари онҳо Томирис меистод, ҷангҳо кард. Сеюмӣ чунин меоварад: Куруш бо дарбикҳо задухӯрд намуд. Ниҳоят, ривояти дигаре ҳаст, ки аз ҷангидани Куруш дар "Даштҳои дайҳ" хабар медиҳад.

Ҳеродот, Трог - Юстин ва дигар муаллифонро дар бораи ин ҷангҳои Куруш ва натиҷаи онҳо ҳикоятҳои муфассале ҳаст. Ба тариқи мисол аз ҳикояти Трог - Юстин мазмунан фикраи зеринро меоварем: Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарқро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба ҷанги зидди сикифҳо рафт. Он вақт ҳукумронии сикифҳо Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури қӯшуни душманро аз дарёи Окс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман ҷанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта ҷон ба саломат бурдан амри маҳол хоҳад шуд. Куруш қӯшуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое тавақуф намуд. Рӯзи дигар мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан ӯрдугоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ,ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо сеяк ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод. Ҷавонон кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба урудгоҳи душман ниҳод, худро на дар майдон разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхӯри масти лояъқил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адӯ ба мағлубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оҷизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан ҷудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзани дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми ҷонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирӯза кайфу сафо дорад, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифта, Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешаки дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000 нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳонаш маҳв намуд. Ҳатто ягон пайке ё ҷондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боқӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одами пур кардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту хамеша ташнаи он будӣ ва ҳеч гоҳ аз он сер намешудӣ» (Юстин, I, 8, 1-13) Ҳикояти Ҳеродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис, менависад Геродот, - на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд». Писари Томирисро Спаргапис меномиданд вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст. Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: "... Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки баробариҳо штирок доштаанд,шадидтар. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст:аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеч яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст" (Ҳеродот, I, 214). Страбон ба ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд. Масъалаи аниқ муайян кардани самти ҳаракати Куруши II ва маҳалли ҷангҳои ӯ хеле мураккаб аст. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ин Сирдарё, Амударё ва ё Узбой аст. Шояд маҳалли охирӣ ба ҳақиқат наздиктар бошад. Аз тарафи массагетҳо шикаст хӯрдани Куруш дар охири июлу ибтидои августи соли 530 пеш аз милод воқеъ шудааст, ки ин ягона таърихи яқинан муқаррар шудаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.

Чунон ки М.М.Дяконов менависад:

"Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд"

— Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 82

. Ин, бешубҳа ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ, ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоилҳои пешқадми замони худ баромад мекард. Илова бар ин, захираҳои фаровони давлати паҳновари Ҳахоманишӣ, ки тӯли он аз Осиёи Хурд то водии Ҳинд кашида мешуд, дар ихтиёри ӯ буд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, ӯ дар мубориза бо бодиянишинони Осиёи Миёна ҳалок гардид. Ин ҷо асли гап на дар наоомади кор ва на дар бахти ноустувор аст. Мардумоне, ки барои муҳофизати озодӣ ва истиқлоли худ камар бастанд, тамоми қувваи худро ба муқобили душман сафарбар менамояд.[1] Тимсоли чунин муборизаҳои қаҳрамонона чи дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва чи умуман дар таърихи ҷаҳон бешумор аст.

Шўриши зидди Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои I

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғалабаи бодиянишинони Осиёи Миёна бар Куруши II дар ҳалли тақдири Давлати Ҳахоманишиҳо нақши калоне бозид. Аз як тараф, бунёдгузори тавонои Давлати Ҳахоманишиҳо кушта шуд, аз тарафи дигар, писар ва валиаҳди ӯ Камбуҷиё маҷбур гардид, ки сафари ҷангии кайҳо муқарраршудаи Мисрро мавқуф гузорад. Дертар Камбуҷиё бар ҳар ҳол ба Миср лашкар кашида, ин мамлакатро ҳам ба таҳти тасарруфи ҳахоманишиҳо даровард. Дар соли 522 пеш аз милод ҳокимияти Эронро яке аз намояндаҳои сулолаи Ҳахоманишӣ Дорои I ба даст даровард (ӯ то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомониҳои хонадони подшоҳи ва муборизаҳои тоҷтахтталабӣ, ки дар муҳити бӯҳрони сиёсиву итҷимоӣ ба вуқӯъ меомад, ба парешонии давлати Ҳахоманишӣ ва сар задани ҷунбишҳои истиқлолхоҳонаи як қатор вилоятҳо оварда расонид. Дар навиштаҷоти машҳури кӯҳи Бесутун, ки Доро ба мақсади ҷовидон градонидани корҳои худ сабт кардааст, аз хусуси фурӯ нишондани чунин ошӯбҳо ба таври муфассал нақл карда мешавад. Халқҳои Осиёи Миёна ҳам барои аз дӯш барандохтани юғи асорати Ҳахоманишиён аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марғиён ва мамлакати сакоиҳо сар бардоштанд (навиштаҷоти Бесутун, 6-8).

Шӯриш махсусан дар Марғиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаҷоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12)дар ин бора чунин нақл мекунад:

"Доро гӯяд: кишвари Марғиён ба ошӯб омад. Якеро бо номи Фради Марғиёнӣ сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба ӯ гуфтам: "Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд". Сипас, Додоршиш бо қӯшун бирафт ва бар сари Марғиёниён битохт. Аҳуро - Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати Аҳуро - Маздо қӯшуни ман лашкари ошӯбгаронро торумор намуд. Рӯзи 23-и моҳи ассиядия ҷанг оғоз шуд". Пас аз ин, Доро мегӯяд (навиштаҷоти Бесутун, III, 19-20)"кишвар мутеи ман гардид"

— Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 82

.

Санаи ин навиштаҷот мутобиқи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст ва ин ҳам мисли таърихи шикасти Куруш аз қадимтарин санаҳои аниқ муайянгардидаи таърих ба шумор меравад. Қӯшуни Ҳахоманишӣ бо сардори волии Бохтар шӯришро бераҳмона пахш кард, дурусттараш ба хун ғарқ намуд. Тибқи ривояти бобулӣ ва нусхаи оромии навиштаҷоти Бесутун 55 ҳазор кушта ва 6,5 ё 7 ҳазор кас асир гирифта шуд. Пешвои шӯришгарон Фрад аввал раҳоӣ ёфт, вале баъд аскарони ҳахоманишӣ ӯро ҳам дастгир кардаанд. Шӯришҳои Порт ва кишвари сакоиҳо низ бераҳмона фурӯ нишонда шуд.

Қаҳрамонии Шерак

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорои I дар соли саввуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муқобили сакоиҳои тиграхуд лашкар кашид (навиштаҷоти Бесутун,V, 20-23). Дар муҳориба сакоиҳо шикаст хӯрданд. Қисме аз онҳо асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакоиҳо пешвои дигар таъйин намуд.

Муаллифи Юнони Қадим Полиен дар асоси ривоятҳои то ба ӯ расидаи сакоӣ роҷеъ ба як лавҳаи муборизаи диловаронаи сакоиҳо чунин нақл мекунад: Дорои I бо қӯшуни сершуморе ба муқобили онҳо равона шуд. Замоне ба ӯрдугоҳи ӯ саиси сакоӣ Шерак омад. Аъзои баданаш маъюб, рӯяш аз ҷароҳат баднамо, гӯшу биниаш бурида буд. Шерак арз кард, ки ҳамқавмонаш ҳамин тариқа ҷазояш доданд ва, инак ӯ қӯшуни форсҳоро бо пайраҳаҳои фақат ба худаш маълум якбора ба ақибгоҳи сакоиҳо мерасонад. Пас аз ҳафт рӯзи моҳи пурмашаққат аскарони форс ба биёбони хушку холи баромада монданд. Онҳоро хавфи ҳалокат таҳдид мекард. Форсҳо фиреб хӯрдани худро фаҳмиданд. Шерак, дар ҳолате,ки душман ба сараш теғ мекашид, бо ифтихор ҷавоб дод:

"Ман ғалабаро ба даст овардам, зеро барои аз сари ҳамватанони худам - сакоиҳо дур кардани фалокат форсҳоро аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат супурдам".

— Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 83

Форсҳо сари саисро аз тан ҷудо карданд. Ин сафари ҷангии Дорои I, чи навъе ки аз гуфтаҳои Полиен бармеояд, бемуваффақият анҷом ёфт.[2]

  1. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 82
  2. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 2008, с. 83