Отаҷон Акрамов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 10 апрел 1929 |
---|---|
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 27 апрел 2001 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Универиситети давлатии Тоҷикистон (1953) |
Отаҷон Акрамов (10 апрели 1929, Самарқанд — 27 апрели 2001, Душанбе) — иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ (1971), профессор (1980).
Солҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1953 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, муаллим, муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1954—1959), декани факултети иқтисодӣ (1960—1965), ноиби ректор (1966—1969), дотсент ва профессор кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1969—1980) фаъолият кардааст. Солҳои 1980—1985 профессори Донишгоҳи давлатии Москва буд. Перомуни масоили назариявии рушди иқтисодӣ ва пешрафти соҳаҳои асосии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои истеҳсолӣ зиёда аз 50 асару мақолаи илмӣ ва методӣ навиштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муносибатҳои истеҳсолоти сотсиалистӣ, Д., 1962;
- Общественные фонды потребления и воспроизводство рабочей силы, Д., 1971.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.