Отаҷон Усмонов
Зоҳир
Отаҷон Ҳакимович Усмонов | |
Таърихи таваллуд | 7 март 1943 (81 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров |
Отаҷон Ҳакимович Усмонов (тав. 7.03.1943 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1964 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Ихтисос, муаллими математика ва физика
- Солҳои 1964-1965 — муаллими мактаби миёнаи №12 қ. Далёни боло.
- Солҳои 1965-1968 — муаллими мактаби шабонаи №4 шаҳри Ленинобод.
- Солҳои 1966-1967 — сарлабаранти кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров.
- Солҳои 1967-1968 — сарлабаранти кафедраи математикаи элементарӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров.
- Солҳои 1968-1973 — муаллими кафедраи математикаи элементарӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров.
- Солҳои 1973-1992 — сармуаллими кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров.
- Аз соли 1992 то ҳоло — дотсенти кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ Усмонов Отаҷон Ҳакимович(тоҷ.). www.hgu.tj. 7 Декабри 2024 санҷида шуд.