Jump to content

Оқохони IV

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Оғохони IV)
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV
форсӣ: شاهزاده کریم الحسینی آقاخان
аз соли 1957
Пешгузашта Оқохони III

Таваллуд 13 декабр 1936(1936-12-13)[1][2][3][…] (87 сол)
Дудмон Aga Khan I[d]
Падар Шоҳзода Алӣ Салмон Хон
Модар Бегим Тоҷуддаула (Ҷоан) Оқохон, духтари лорди бритониёӣ Чёрстон
Ҳамсар 1. Бегим Салима Оқохон
2. Бегим Инора Оқохон
Фарзандон Писарон: шаҳзода Раҳим Оқохон,
шаҳзода Ҳусейн Оқохон,
шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон
Духтар: шаҳдухт Заҳро Оқохон
Таҳсилот
Фаъолият ислом[4], корофаринӣ[4] ва philanthropy[d][4]
Ҷоизаҳо
Knight Commander of the Order of the British Empire Grand Cross of the Order of Civil Merit Order of Friendship Nishan-e-Pakistan Order of the Golden Heart of Kenya Commandeur des Arts et des Lettres‎ Commander of the Legion of Honour

Fellow of the Royal Institute of British Architects[d]

Companion of the Order of Canada Order of Merit for Labour Knight Grand Cross of the Order of Merit of the Italian Republic Grand Cross of the Order of Liberty Grand Cross of the Military Order of Christ Grand Cross of the Order of Merit of Portugal Order of the Crown National Order of Madagascar Grand Cordon of the Order of the Throne Grand Officer of the National Order of the Lion Padma Vibhushan in trade & industry Order "Danaker" Sitara-i-Imtiaz Grand Cross of the National Order of Mali

honorary Canadian citizenship[d] (2011)

North–South Prize[d] (2013)

National Order of Upper Volta

Fellow of the American Academy of Arts and Sciences[d]

Honorary doctor of the University of Ottawa[d] (2012)

доктори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард[d] (2008)

honorary doctorate from the American University of Beirut[d] (2005)

honorary doctorate from the University of British Columbia[d] (2018)

honorary doctor of Simon Fraser University[d] (2018)

honorary doctor from the NOVA University Lisbon[d] (2017)

доктори фахрии Донишгоҳи Кембриҷ[d] (2009)

honorary doctorate from the University of Alberta[d] (2009)

Honorary doctorate from University of Toronto[d] (2004)

honorary doctorate from Brown University[d] (1996)

honorary doctorate from the McGill University[d] (1983)

honorary doctorate from McMaster University[d] (1987)

 Парвандаҳо дар Викианбор

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV (форсӣ: شاهزاده کریم الحسینی آقاخان‎; 13 декабри 1936, Женева, Швейсария) — имоми ҳозири шиъиёни исмоилии низорӣ аст, ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Севумин Оқохон дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шуд. Вай чиҳилу нуҳумин имоми исмоилиёни низорӣ аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеви Швейсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст.

Ӯ 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ аст, ки пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон, дар 20-солагӣ ва дар 11 июли 1957 ба имомат расид. Вай донишомӯхтаи Донишгоҳи Ҳорворд дар риштаи таърихи ислом аст[5].

Оқохон яке аз сарватмандтарин мусалмонони ҷаҳон аст ва ҳамакнун 32-умин фарди сарватманди Ингилистон ба шумор меравад. Вай сармояи зиёдеро дар нуқоти фақир ва дурафтодаи дунё харҷ карда ва мекунад. Ҳамчунин талош дорад, то чеҳраи ғайри хушунатомез аз исломро ба маърази диди ҷаҳониён бигузорад. Ӯ ҳамчунин сарвати худро барои тарвиҷи иқтисоди худпойдор дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа харҷ мекунад[5].

Оқохони IV дар ҷавонӣ варзишкор буд ва дар риштаи эски (лыжный спорт) маҳорати хоссе дошт ва дар олимпиёди зимистонии соли 1964 дар Утриш (Австрия) ба намояндагӣ аз Эрон дар се ришта: эскии суръат, морпеч ва морпечи бузург ширкат кард. Ӯ яке аз чаҳор варзишкори эронии ширкаткунанда дар ин олимпиёд буд[5].

Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст[5].

Ӯ поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад. Ва ҳамчунин молики «Шабакаи тавсиаи Оқохон» (AKDN) аст. Фаъолияти шабакаи ӯ дар кишварҳои ҷаҳони севвум аз ҷумла Тоҷикистон аст[5].

Оқохон чаҳор фарзанд дорад: Заҳро Оқохон, Раҳим Оқохон ва Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон[6].

Оқохони IV солҳои 1995, 1998 ва 2008 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада буд. Барномаи рушди (MSDSP)-ро дар ин минтақа бунёд кард. Аз соли 2000 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказиро ташкил додааст.[7]

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ то кунун аз кишварҳои гуногуни қораи Осиё, Африқо ва Амрико ҷоизаҳои зиёдеро сазовор шудаанд.

Соли 1998 дар Тоҷикистон ва бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардидааст.

  1. Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  2. Kindred Britain
  3. Прабук (ингл.) — 2018.
  4. 4.0 4.1 4.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 Саидюнуси Истаравшанӣ. Оқохони IV(тоҷ.), Кимиёи саодат (12 Декабри 2017). Бойгонӣ шудааст 14 июли 2019  сол. Проверено 12 Декабри 2017.
  6. Его Высочество Ага-хан IV: 10 фактов о единственном принце ЦА(рус.). theopenasia.net. 12 Декабри 2017 санҷида шуд.
  7. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D0%B3%D0%B0-%D1%85%D0%B0%D0%BD_IV