Пайванд (кишоварзӣ)
Пайванд — навда (қаламча) ё муғҷа (чашмак)-и як рустанӣ (пайванддӯст)-ро ба дигараш (пайвандтак) пайвастан. Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзояши нашвии рустанӣ (ниг. Афзоиш) буда, дар ҷангалзорӣ, току боғдорӣ, рустанипарварӣ ва парвариши ниҳолу рустаниҳои орошӣ васеъ истифода мешавад. Пайванд барои нигоҳ доштани хусусиятҳои навъии рустаниҳои бисёрсола; иваз кардани пайвандтак, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ нест ё иваз кардани он бо пайванддӯсти хушҳосил, ба сармокасалӣ ва ҳашарот тобовар аҳамияти калон дорад; барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он; тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра низ ба кор мебаранд. Пайванд аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Истифодаи пайванд аз финикиён ба карфгениҳою юнониҳо ва баъдтар ба римиҳо, аз онҳо ба Фаронсаю мамлакатҳои дигари Аврупои Ғарбӣ мегузарад. Суғдиҳо низ дар току боғдорӣ ба пайванд хеле моҳир будаанд.
Навъҳои пайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дунё зиёда аз 200 усули пайванд маълум буда, дар амал фақат 10—15 навъи онро ба кор мебаранд; ин навъҳо ба ду гурӯҳи асосӣ — муғҷапайванд ва қаламчапайванд тақсим мешаванд.
Муғҷапайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд, яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acocaн барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе рустаниҳои ороишӣ истифода мешавад.
Хангоми муғҷапайванд навда кам сарф шуда, назар ба навъҳои дигари Пайванд сермаҳсул ва кораш осонтар аст. Ба туфайли муғҷапайванд ниҳол тез сабзида, бисёр умр мебинад. Дар шароити Тоҷикистон мӯғҷапайвандро аз 20 август то 30 сентябр гузаронидан лозим аст. Агар мӯғҷапайвандро бармаҳал (июн—июл) гузаронанд, баъзан муғҷа бедор шуда, зимистон осеб мебинад. Агар муғчапайванд дер гузаронида шавад, он гоҳ барои дуруст васлшавии пайвандтаку пайванддӯст ва инкишофи он вақт ками мекунад.
Одатан барои муғҷапайванд ниҳоли дусола ва баъзан навъи тезсабзи ниҳоли яксола (ғафсиаш 6—10 миллиметр)-ро интихоб мекунанд. Муғчаҳои калонро ба навдаи ғафс ва хурдашро ба навдаи борик пайваст мекунанд. 5—7 рӯз пеш аз муғҷапайванд навдаҳои паҳлуии қисми поёни танаи пайвандтакро то гарданаи реша аз шохаҳои паҳлуӣ тоза карда, ба атрофаш хок мекашанд ва барои ковок шудани пӯсти танааш об мемонанд. Сипас, ҳангоми муғҷапайванд хоки атрофи пайвандтакро ҳамвор карда, танаашро бо латта пок мекунанд.
Қаламчаҳоро барои муғҷапайванд аз тарафи офтобрӯяи дарахт гирифта, нӯти онро, ки муғҷааш суст инкишоф ёфтааст, зуд мебуранд. Навдаи қаламча (дарозиаш 30—40 сантиметр, ғафсиаш на камтар аз 6 миллиметр) бояд солим, мурҷаҳояш расида буда, набояд аз пайвандтак ғафс бошад. Қаламчаро дар арафаи Пайванд ё худи ҳамон рғз тайёр мекунанд ва паҳнаки барги онро 6—8 миллиметр боло бурида, фақат каме думчаи баргро (6—8 миллиметр) боқӣ мемонанд. Қаламчаро то истифода бурдан дар аррамайдаи нам ё зарфи обдор нигоҳ медоранд. Просесси муғҷапайванд дар расми 1 акс шудааст.
Пас аз 1,5—2 ҳафта ниҳолҳои пайвандиро аз назар мегузаронанд ва пайвандтаки ногирифтаро аз сари нав мепайванданд. Бандҳои пайвандтакҳои гирифтаро холӣ карда, хоки бехашро ковок мекунанд ва андаке об мемонанд. Баҳорон пеш аз ширадавонӣ пайвандтакро 7—10 сантиметр них гузошта (барои басгани навдаи пайвандӣ), болотар аз ҷои пайванд мебуранд. Барои он ки навдаҳои пайвандӣ аз шамол нашикананд, онҳоро баъд аз 6—8 сантиметр сабзидан ба пих мебанданд. Аммо бе истифодаи пих муғҷапайванд Осон ва сермаҳсул аст. Барои ин дар навбадор болотар аз Пайванд пайвандтакро мебуранд. Муғчапайвандӣ мустақилона назар ба навдаҳои басташуда хуб месабзад.
Қаламчапайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаламчапайванд, навдапайвандро одатан навбаҳор (моҳи март) пеш аз ширадавонии дарахт мегузаронанд. Қаламчапайванд асосан дар боғдорӣ бо мақсади рӯёнидани навъҳои беҳтараш буттаву дарахти мевадор гузаронида мешавад. Навдаҳоро барои қаламчапайванд тирамоҳ пеш аз оғози хунукӣ тайёр мекунанд ва то вақти Пайванд онҳоро дар зеркандҳои салқин дар peг ё аррамайдаи нам нигоҳ медоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қалам- чапайванд ‘аз навдаҳое, ки баҳорон пеш аз бедоршавии муғҷа тайёр кардаанд, хеле самарабахш аст. Усулҳои маъмули қаламчапайванд: исканапайванд, фонапайванд, қундоқипайванд, найчапайванд, купрукпайванд ва ғайра.
Исканапайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Исканапайванд ангоми Пайванди пайвандтаки ғафс, масалан, дар вақти такроран Пайванд кардани дарахтони мевадор ба кор бурда мешавад. Барои ин танаи пайвандтакро мебуранд ва бо фонаи махсус кундаи онро ба чуқурии 5—10 сантиметр мекафонанд. Сипаc, ба ду паҳлуяш ду дона қаламчаи қисми поёнаш тарошидаро мегузоранд.
Фонапайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Фонапайванд ё шақпайвандро ҳангоми такроран пайвастани ниҳол истифода мебаранд. Паҳлуи кундаи ниҳолро ба шакли фонаи серӯя мебуранд ва ба ҷои он қаламчаи тарафи поёнаш бо ҳамон шакл тарошидаро мегузоранд (расми 3).
Қундоқипaйвaнд
[вироиш | вироиши манбаъ]Қундоқипaйвaнд дар сурати пайвандтак аз пайванддӯст ғафстар будан гузаронида мешавад. Барои бо ин усул пайванд кардан танаи пайвандтакро ба як тараф моил карда мебуранд, сипас пӯстлохи тарафи баланди кундаи пайвандтакро аз поён ба боло бо андаке чӯбат бурида мегиранд, баъд ба он қаламчаи қисми поёнаш ба ҳаҷми ҷои тарошидашудаи кунда баробарро бурида мегузоранд ё пайвандтаку пайванддӯстро ба шакли забонча бурида бо ҳам пайваст мекунанд.
Кӯпрукпайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯпрукпайванд барои аз нобуд шудан нигоҳ доштани дарахт, ки давродаври пӯстлохи танаашон аз ягон касалӣ — сӯхтор ё ҳайвонот осеб дидааст, ба кор бурда мешавад. Ҷои осебдидаи пӯстлохро ҳамвор карда ба ҷойҳои лучаш вари боғӣ ё ранги равғанӣ мемонанд. Сипас баробари ҷои осебдидаи пӯстлох қаламча бурида, ҳар ду тарафашро метарошанду ба ду тарафи осебнадидаи пӯстлохи пайвандтак пайваст мекунад.
Найчапайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ин роҳ ниҳолҳои пӯстлохаш ғафс, ба монанди чормағз, пекан, кастона, тут ва ғайра Пайванд карда мешавад. Пӯстлохи танаи пайвандтак ва пайванддӯсти ғафсиаш якхеларо (баробар аз боло ва аз поён) гирд мебуранду оҳиста тоб медиҳанд ва аз миёнааш чок карда мегиранд, сипас, ба ҷои он пӯстлохи бо ҳамин усул ҷудокардаи пайванддӯстро мегузоранд.
Пеш аз бастани ҷои пайванд (қатъи назар аз усули пайванд) хуб пайвастан ё напайвастани камбийи пайвандтаку пайванддӯстро аз назар мегузаронанд. Бо ҳам мувофиқ омадани қабатҳои камбий барои тез ва хуб васл шудани бофтаҳо шарти асосӣ мебошад. Барои печонида бастани ҷои пайванд плёнкаи полихлорвинилӣ, лифи зирфун, нахи зағир аз ҳама хуб аст. Барои муӯчапайванд онро ба дарозии 20—30 сантиметр (бараш 1,1—1,5 сантиметр) ва барои қаламчапайванд (вобаста ба ғафсӣ ё борикии танаи пайвандтак) дарозтар мебуранд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фото ва Видео дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Камендровский Е. М. Прививка и перепрививка плодовых деревьев. — М.: Россельхозиздат, 1985.
- П. И. Лаврик, Н. А. Рыбицкий, И. С. Гаврилов. Прививка и перепрививка плодовых деревьев // Настольная книга садовода / Под ред. докт. сельхоз. наук И. А. Веселовского. — Л.: Лениздат, 1972.
- Васильева О. Ю. Автореферат диссертации. Биологические особенности видов рода Rosa L., интродуцируемых в качестве подвоев в Западной Сибири. — Новосибирск, 2002.
- Бондорина Ирина Анатольевна. Диагностика совместимости компонентов прививки // Научный журнал КубГАУ, № 71(07), 2011.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.