Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Парвиз Бобомуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвиз Бобомуродов
Бобомуродов Парвиз Уктамович
Таърихи таваллуд 2 ноябр 1992(1992-11-02) (33 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015)

Парвиз Бобомуродов (Бобомуродов Парвиз Уктамович; зод. 2 ноябри 1992, Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — иқтисоддон, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод (2021)[1], дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи мактаби № 29-и шаҳри Панҷакент (соли 2010) ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2015). Соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-029 назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ (дар маводи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[2] аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (идоракунии инноватсияҳо) рисолаи номзадиашро дифоъ карда, дараҷаи номзади илмҳои иқтисодро ба даст овардааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти педагогии худро аз сентябри соли 2015 оғоз карда, солҳои 2015—2016 муаллими кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёти Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, солҳои 2016—2018 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018—2021 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон[3], солҳои 2021-2022 муаллими калони кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз сентябри соли 2022 дотсенти кафедраи менеҷменти байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 30 таълифоти илмиву омавӣ аз ҷумла 1 монография, 2 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 1 васоити таълимӣ мебошад.

  • Технологияи информатсионӣ / Ф.С. Раҳимов, П.У. Бобомуродов // Воситаи таълимӣ. “Ирфон”. –Душанбе, - 2019с. -212с. ISBN 9788-99975-1-014-3
  • Формирование и развитие региональных инновационных подсистем / А.К. Курбонов, П.У. Бобомуродов // Монография. Типографтя МОНРТ. –Душанбе, 2021с. -136с. ISBN 978-99985-68-76-1
  • Система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт / Ф.С. Раҳимов, Ф.Ҳ. Соҳибов, М.Н. Ашуров, П.У. Бобомуродов // Китоби дарсӣ. ҶДММ “Бебок”. – Душанбе, -2023 с. - 240с. ISBN 978-99985-55-87-7
  • Маркетинги шабакавӣ / П.У. Бобомуродов // Воситаи таълимӣ. ЉДММ “Сармад-Компания”. – Душанбе, – 2024 с. – 171с. ISBN 978-99985-841-9-8
  • Менеҷменти молиявӣ / Г.Т. Қодирова, Ф.А. Қаюмова, С.И. Олимов, П.У. Бобомуродов // Китоби дарсӣ. ЉДММ “Сармад-Компания”. – Душанбе, – 2024 с. – 232с. ISBN 978-99985-841-8-1
  1. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармоиши №94 барои додани дараҷаи илмӣ. vak.tj (30 марти 2021). 19 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2021.
  2. На правах рукописи. www.google.com. Российско-Таджикский (Славянский) университет.. 19 Январ 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Ҳайати профессорон ва омӯзгорон. tgfeu.tj. 19 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2023.