Парвина Маликзод
Зоҳир
(Тағйири масир аз Парвина Меликова)
Парвина Маликзод Иноятулло, Меликова Парвина Иноятуллоевна | |
Таърихи таваллуд: | 30 декабр 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Парвина Маликзод (Парвина Маликзод Иноятулло тав. 30 декабри соли 1972, ш.Душанбе) - омӯзгор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Меликова Парвина Иноятуллоевна 30 декабри соли 1972 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Миллат тоҷик. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии омўзгори Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос -забони англисӣ. Узви ҲХДТ. “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
- Солҳои 1996-1998 — Омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаиумумии № 10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- Солҳои 1998-2009 — Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар МТМУ № 10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2009-2011 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2011-2014 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2014-2016 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
- Аз соли 2018 то 2020 — Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
1 марти соли 2020 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 2021 то 1 марти соли 2025 — Муовини Раиси Кумита оид ба илм маориф фамрҳанг ва сиёсати ҷавонон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали ҷашнии "30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон",
- Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ
- “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”
.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Парвина Маликзод Иноятулло(тоҷ.). www. majmilli.tj. 25 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 30 декабр
- Зодагони соли 1972
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Занони Тоҷикистон дар сиёсат
- Занҳо-сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон