Паҳлавон Маҳмуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуд
(форсӣ: پهلوان محمود‎)
мақбараи Паҳлавон Маҳмуд
мақбараи Паҳлавон Маҳмуд
Тахаллусҳо: Паҳлавон
Таърихи таваллуд: 1247(1247)
Зодгоҳ: Гурганҷ
Таърихи даргузашт: 1326(1326)
Маҳалли даргузашт: Хива
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, файласуф
Забони осор: порсӣ, дарӣ, тоҷикӣ

Паҳлавон Маҳмуд (форсӣ: پهلوان محمود‎) — шоири, тоҷиктабори Хоразм. Шоирест, ки ӯро дар Хоразм паҳлавон хитоб мекарданд ва шеърҳои ӯро барҷастатарин шеъри Хоразм медонистанд. Имрузҳо ӯро Хайёми Хоразм ном мебаранд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмуд соли 1247 дар шаҳри Гурганҷ дар хонаводаи тоҷикӣ ресмонбоф ба дунё омада, дар аёнӣ кудаки оилаи ӯ ба шаҳри Хива куч мебандад, таълими ибтидоиро дар Хива гирифта, ҳунари пӯстину телпакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо гуштингири кардааст. Ва аз ин ҷост, ки ба ӯ тахаллуси Пахлавонро додаанд. Шоир дар Хева аз олам даргузашта, мақбарааш дар шаҳри Хива побарҷост. Паҳлавон Маҳмуд маснавие «Канзу-л-ҳақоиқ» эҷод кардааст, ки асосан дар рубоисароӣ муваффақият пайдо карда, дар ин ҷода сабки Умари Хайёмро пайравӣ менамудааст.

Дар рубоиёти Паҳлавон Маҳмун мавзуоти лирикиву пандуахлоқӣ ва фалсафй ба ҳам омехтаанд. Ӯ мардумро ба покниҳодӣ, ақлу инсоф, вафодорӣ, донишу фазилат ва сарбаландӣ мехонад. Ашхоси ҷоҳилу нодон, замонаи ситамгор, фалаки бедодгар, аҳли риё, мардуми нопоку дунро танқиду мазаммат кардааст. Рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд аз ҷиҳати мантиқи сухан ва бадеият комиланд. Нусхаҳои дастнависи рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ ҶШС Узбакистон маҳфузанд. Чанде аз онҳо ба забони узбакӣ тарҷума шуда, дар якҷоягӣ бо матни аслии тоҷикӣ нашр гардидаанд.

Шамсуддин Сомӣ дар китобатӣ худ «Қомусу-л-аълом» Паҳлавон Маҳмудро олим, шоир ва гуштингири шикаст нопазир гуфтааст.

Ба ғайр аз шоирӣ ва гуштингири Паҳлавон Маҳмудро боз ҳамчун пирӣ суфиҳои Хоразм эътироф гардидааст.

Пас аз марги шоир дар соли 1326 мардуми Хива яке аз дарвозаҳои шаҳрро ба номи ӯ Паҳлавон Дарвоза ном карда, канале канда онро Паҳлавон об ном гузоштаанд.

Бо баъзе аз гуфтаҳои олимон Хоразм то садаи XVI ба мисли Бухорову Самарқанд, вилояти тоҷикнишин буд.

Намунае аз осори Паҳлавон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ë раб дар халқ такягоҳам накуни,
Муҳтоҷи вазиру подшоҳам накуни
Муи сияҳам аз карамат гашта сафед,
Бо муи сафедам русиёҳам накуни.
Бар рӯй гӯл аз абр ниқоб аст ҳануз,
Дар табъи дилам майли шароб аст ҳануз.
Дар хоб марав чи ҷои хоб аст ҳануз,
Ҷоно май хур ки офтоб аст ҳануз.
Аз дур бидидам лаби пурхандаи ту,
Озод будам, боз шудам бандаи ту.
Ҳар банда, ки озод шавад шод шавад,
Ман шод бар онам, ки шудам бандаи ту.
Эй дил ба каманди дилбари афтоди,
Дар доми бути ситамгари афтоди.
Аз қайди яке халос ногашта ҳануз,
Фи алҳол ба дами дигари афтоди.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]