Jump to content

Пешпаракон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пешпаракон

Дар майдонча хатти марра кашида, 10-12 нафар духтарон ё писарбачагон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва паси ҳам сари дупо менишинанд. Сардори дастаи якум ба назди ҳар як бозигари гурӯҳи худ хам шуда, сангчаеро номаълум ба домани яке аз онҳо пинҳон мекард. Сипас ба дастаи ҳариф муроҷиат карда, мепурсид, ки сангча дар дасти кист? Агар сангчаро меёфтанд, навбати пинҳон кардани сангча ба онҳо мегузашт. Аммо агар намеёфтанд, бозигарони дастаи якум аз ҷой хеста, як қадам ба пеш меҷаҳиданд ва боз дар ҷояшон ба мисли аввала менишастанд. Ҳамин тавр бозӣ давом меёфт, кадом дастае, ки пештар ба хатти марра мерасид, ғолиб ҳисоб мешуд. Дар Рашт, Дарвоз, Ванҷ, нимфаъол аст.[1]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 190