Jump to content

Пиримқул Сатторӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пиримқул Сатторӣ
Таърихи таваллуд: 1 август 1938(1938-08-01)
Зодгоҳ: ноҳияи Бойсун, ҶШС Узбакистон
Таърихи даргузашт: 28 май 1993(1993-05-28) (54 сол)
Маҳалли даргузашт: Қурғонтеппа
табаият:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:

Пиримқул Сатторӣ (1 августи 1938, ноҳияи Бойсун, ҶШС Узбакистон — 28 майи 1993[1][2], Қурғонтеппа, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, нависанда, шоир ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989)[3][4].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пирумқул Сатторӣ 27 июли соли 1940 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Баъдан ба шаҳри Қурғонтеппа омада, ходими адабии рӯзномаҳои «Вахш»-у «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» буд ва дар як вақт дар мактаби миёнаи рақами 45 ноҳияи Бохтар муаллимӣ мекард.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҳфили адабии «Гулбарг»-ро таъсис дода, муддати мадиде дар тарбияи адибони ҷавони вилоят то таъсисёбии шуъбаи ИН Тоҷикистон дар минтақа ҳисси арзанда гузоштааст.

Ӯ дар солҳои донишҷӯӣ машқи қалам мекард. Чакидаҳои хомааш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯъаҳои дастҷамъи ва алоҳида «Пайғом» (1979), «Боли парвоз»(1986), «Хӯшаи парвин»(1989) «Дуди ҳасрат» (1993) дар ҳамкорӣ бо Алимуҳаммад Муродӣ ба чоп расидаанд.

Шеърҳои ӯро Зафар Нозим ва Тағоймурод Хушвақтов бо оҳанг сурудаанд[5].

Пирумқул Сатторӣ аз соли 1989 ба узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст[6].

Кушта шудан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пиримқул Сатторӣ соли 1993 бар асари фоҷиаи Ҷанги шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд[7]. Дар як гузориши Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон гуфта мешавад, ки Пиримқул Сатторӣ дар шаҳри Қурғонтеппа тавассути мардони ношиносе, ки либоси низомӣ доштанд, рабуда шуда чаанд рӯз баъд дар таърихи 28 майи соли 1993 ҷасади ӯро аз пахтазоре пайдо мекунанд[1][8][2] Тибқи як фарзия, Пиримқул Сатторӣ, хабарнигори рӯзномаи «Навиди Вахш», рӯзи 28 май бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат барои ҳабс аз манзилаш дар Қӯрғонтеппа бурда шудааст. Ба гуфтаи наздикон, Сатторӣ дар навбат барои нон боздошт шудааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи «Посух», ӯ 10 майи соли 1993 кушта шудааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи «Чароғи рӯз», Пиримқул Сатторӣ рӯзи 25 май боздошт ва ба самти номаълум бурда, рӯзи 10 июн кушта шудааст[9].

  1. 1.0 1.1 Pirimkul Sattori(англ.). Committee to Protect Journalists. 2 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Таджикистан: КЗЖ обращается с запросом о 29 убитых журналистах. (27 августи 2003).
  3. Адибони Тоҷикистон. — Душанбе: Адиб, 2002. — С. 484.
  4. Сатторӣ Пиримқул. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (11 Январ 2022).
  5. Исматулло ҲАСАНОВ. Рӯзгоре барои ибрат. jumhuriyat.tj. «Ҷумҳурият» (22 августи 2018). 2 ноябри 2022 санҷида шуд.
  6. Куштаи ишқи Ватан. 30 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июли 2019.
  7. Ҳасан Муродиён. Шоири ватансаро. Агар умр вафо мекард, имрӯз Пиримқул Сатторӣ 80-сола мешуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. «Адабиёт ва санъат». 2 ноябри 2022 санҷида шуд.
  8. Denber, Rachel (1993). Human Rights in Tajikistan: In the Wake of Civil War. Human Rights Watch. p. 11. 
  9. Погибшие журналисты. www.gdf.ru. 2 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 июли 2015.