Jump to content

Пйер де Бомарше

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пйер де Бомарше
фр. Pierre-Augustin Caron de Beaumarchais
Таърихи таваллуд: 24 январ 1732(1732-01-24)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 май 1799(1799-05-18)[4][5][6][…] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: мусиқидон, шоир, тоҷир, ношир, намоишноманавис, диплумот, сармоядор, публисист, arms trader, ҷосус, watchmaker
Забони осор: фаронсавӣ[9]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Пйер-Огюсте́н Каро́н де Бомарше́ (фр. Pierre-Augustin Caron de Beaumarchais; 24 январ 1732[1][2][3][…], rue Saint-Denis[d], Порис[7]18 май 1799[4][5][6][…], former 8th arrondissement of Paris[d][4]) — драматурги фаронсавӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияташ чун мусиқинавоз ва муаллими мусиқии духтарони шоҳ Людовики XV оғоз ёфтааст. Баъдан ба драманависӣ рӯй овард (драмаҳои нахустинаш — «Евгения» (1767), «Ду дӯст» (1770). Асари дигари Б. «Ёддоштҳо» (1774) иборат аз 4 памфлет мебошад, ки дар он усули коргузорӣ ва қазовати ноодилонаи додситонҳои замонашро бераҳмона мазаммат кардааст. Пйер де Бомарше дар ҷаҳон бо ду асари мазҳакавиаш — «Сартароши севилӣ» (1775) ва «Хонадоршавии Фигаро» (1784) машҳур гардидааст. Қаҳрамони асосии ин асарҳо хидматгори ҳушманду боғайрат, зираку доно мебошад. Тавассути ин қаҳрамон Пйер де Бомаршезиддиятҳои иҷтимоии давр, нобаробариро дар ҷомеа тасвир намудааст. Аз рӯйи ин ду асар операҳо офарида шудаанд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.