Jump to content

Подшоҳбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Подшоҳбозӣ, ё «Кӣ ҷаллод?» — Бачаҳо чор адад хадраҳои рости алафи аҷириқро канда, онҳоро душоха, сешоха, чоршоха ва панҷшоха мекарданд. Алафи душоха – “дузд”, сешоха – “ҷаллод”, чоршоха – “вазир” ва панҷшоха – “подшоҳ” ном доштанд. Сардор алафҳоро ба дасташ вожгун медошт, то ки шохҳояшон натобаду танҳо думчаҳояшон намоён бошад. Сардор мепурсид: «Кӣ ҷаллод?» ва бачаҳо яктогӣ мегирифтанд. Касе, ки алафи панҷшохаро гирифта бошад, «подшоҳ», чоршоха – «вазир», сешоха –«ҷаллод» ва ба касе ки алафи душоха омад, «дузд» мешуд. Сипас вазир ба подшоҳ арз мекард, ки дуздеро дастгир кардам, чӣ ҷазо диҳам? Подшоҳ фармон медод, ки фалон ҷазо. Масалан, як шапалоқ зан, ё маро пуштат савор карда, то фалон ҷой бар. Баъзан фармонҳое ба мисли якто рақс кун, ё суруд хон, ҳам мегуфтанд. Баъди иҷрои фармон бозӣ боз аз нав оғоз мешуд. Дар Вилояти Суғд ва водии Ҳисор фаъол аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]


  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 210