Портал:Риёзиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Портал:Математика)
вироиш  

Портали Риёзиёт

Mathematics icon

Математика (аз юнонӣ: μαθηματικά, mathēmatiká, аз μάθημα, máthēma — дониш, илм), риёзиёт, илмест дар бораи муноснбатҳои микдорӣ ва шаклҳои фазоии олами воқеӣ. Объекти математикаи холис аз шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории олами воқеӣ, яъне аз материали комилан peaлӣ иборат аст. Он чиз, ки материали мазкур шакли фавқулодда абстрактие мегирад, аз олами берунӣ пайдо шудани онро фақат андаке пардапӯш карда метавонаду бас. бештар...

Дар ҳоли ҳозир, қариб Википедиа:Викилоиҳаҳа Математика/Шумора мақолаҳои математики дар Википедиа вуҷуд дорад.

вироиш  

Мақолаи барҷаста

Функсияҳои тригонометрӣ гуфта функсияҳои кунҷро меноманд; Онҳо барои омӯзиши секунҷаҳо, тарҳрезии ҳодисаҳои даврӣ ва бисёр татбиқоти дигар заруранд. Онҳо одатан ҳамчун нисбати ду тарафи секунҷаи росткунҷа, ки дорои кунҷест баён карда мешаванд. Инчунин, онҳоро чун дарозии порчаҳои гуногун аз давраи воҳидӣ таъриф додан мумкин аст. Таърифҳои нави функсияҳои тригонометрӣ онҳоро чун қаторҳои беохир ё ҳалҳои муодилаҳои дифференсиалии маълуме тавсиф дода, соҳаи қиматҳои онҳоро то ададҳои манфиву мусбат ва ҳатто комплексӣ муайян менамоянд.

Дар айни замон шаш функсияи асосии тригонометриро истифода мебаранд, ки ном ва муодилаҳои вобастагии онҳо аз ҳамдигар дар ҷадвали дар поёнбуда оварда шудаанд. Хусусан, барои чаҳор функсияи охирин, ин вобастагиҳо чун таърифи ин функсияҳо дода шудаанд, вале шумо метавонед онҳоро ба тарзи геометрӣ ё дигар намуд тасвир кунед ва ин вобастагиҳоро бароред. Чанд функсияи дигар ҳастанд, ба монанди версинус (1 − cos θ) ва экссекант (sec θ − 1), ки пештар дар ҷадвалҳои куҳан буданд, вале дар айни замон истифода намешаванд. Вобастагиҳои бештари ин функсияҳоро дар ин ҷо хоҳед ёфт. бештар...

вироиш  

Тасвири барҷаста

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

вироиш  

Оё шумо медонед...

Кеши сервер холи карда шавад