Портал:Адабиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
вироиш  

Портали Адабиёт

Адабиёт (порсӣ: ادبيات ) - маҷмӯи осори бадеӣ, осори манзуму мансур, осори илмӣ ва адабӣ: адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, адабиёти классикӣ, адабиёти мантиқӣ, адабиёти хориҷӣ, дарси адабиёт, назарияи адабиёт, таърихи адабиёт. 2. маҷмӯи осори хаттии соҳаҳои гуногун: адабиёти илмӣ, адабиёти иқтисодӣ, адабиёти сиёсӣ, адабиёти техникӣ.[1]
вироиш  

Мақолаи барҷаста

Адабиёти Тоҷикадабиёт ба забони тоҷикӣ.

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд. Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Аяткори Зарирон» ба забони портӣ дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони дарии асри Сомонӣ ба назар мерасанд. Ҳамзамон дар ҳамин қарнҳо давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёти, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шӯҳрати мафтункунандае дошт. Дар давлати Сосониён ба забони паҳлавӣ осори бой ва бузурги адабиву ахлоқи таълиф гардид. Адабиёти ҳам Эрони ғарбиву ҳам шарқи, яъне Мовароуннаҳр аз ҷиҳати мазмунҳои асотирӣ ва ҳамосавии бостонӣ ва аз ҳайси таркиби луғавӣ бисёр умумият ва ҳамонандиҳо доштанд. Қавмҳои гуногуни эрониро суннатҳои қадими мардумӣ ва ойини мазҳабию динӣ (яъне ойини Зардуштӣ) ба ҳам наздик мекарданд.

Дар қарни VII милодӣ лашкари аъроб зери парчами ислом ба тасхир ва истилои сарзамини Эрон ва баътар Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум на танҳо бинои давлати Сосонӣ ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии Эронзамин хароб гашт. Баробари ҳамин дини мубини ислом бо суръат ва вусъати ҳайратангези ба ҷойи дину мазҳабҳои қадими эронӣ дар Эрону Мовароуннаҳр истеҳком ёфт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас ва забони китоби осмонии ислом - Қуръон дар коргузории давлат, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забонҳои бумии эронӣ гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд. Дар Эрону Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классики назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид. Баробари ҳамин шеъри араб дар зери таъсири муҳит ва иқлими мулкҳои нави обшору сабзу хуррам, бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти хаттии қадими эронӣ аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардид ва аз шеъри бумии худи арабҳо хеле дур ҳам рафт. Намоҳои достонҳои асотириву ҳамосавӣ, мазмунҳои қиссаҳои қадими эронӣ, гуфтан мумкин аст адабиёти араби маҳаллиро ба вуҷуд овард, ки мо онро метавонем адабиёти эронии арабзабон гӯем. Аз ин ҷост, ки дусад соли «сукути адабиёти форсиро» мо имрӯз давраи арабизабони адабиёти форс-тоҷик меномем. Бо вуҷуди он ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониши эронитабор адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои форсиро таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб, мисраъҳои ҳузномези Абулянбағӣ дар харобиву вайронии Самарқанд, ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфт, арзи ҳол мекард. Ҳамаи ин далолат ба он мекунад, ки забону суннатҳои қадими бостонӣ ва нақши ойини зардуштӣ ва дигар анъанаҳои ба ислом бегонаро мардум нигаҳбонӣ мекард, дар ёду хотир пос медошт.[2] бештар...

вироиш  

Акси барҷаста

С. Айнӣ ва Б. Ғафуров

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

Садриддин Айнӣ (18781954) (порсӣ: صدرالدین عینی) — бунёдгузори адабиёти советии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илмӣ ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).

Зиндагинома

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ӯзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол.

бештар...

вироиш  

Оё шумо медонед...

100 шахсиятҳои барҷастаи тоҷик - дар пурсишномаи - Рӯзномаи «Миллат» дар соли 2014, инчунин 12 нафар намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик дохил шудаанд.

Намояндагони адабиёт

21. Зебуниссо (1639-1702), шоира.

22. Аҳмади Дониш (1826-1897), нависанда ва мутафаккир.

23. Садриддин Айнӣ (1978-1954), асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

24. Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957), асосгузори назми муосири тоҷик.

25. Мирзо Турсунзода (1911-1977), шоир, арбоби ҷамъиятӣ.

26. Мирсаид Миршакар (1912-1993), шоир.

27. Ҷалол Икромӣ (1908-1996), нависанда.

28. Сотим Улуғзода (1911-1996), нависанда.

29. Мӯъмин Қаноат (1932), шоир.

30. Бозор Собир (1938), шоир.

31. Лоиқ Шералӣ (1941-2000), шоир.

32. Гулрухсор Сафиева (1947), шоира.

бештар...

вироиш  

Порталҳои алоқаманд

вироиш  

Ахбори Адабиёт

вироиш  

Гурӯҳҳо

  • Гурӯҳ:Шоирони тоҷик
  • Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон
  • Гурӯҳ:Фарҳанги Тоҷикистон
  • Гурӯҳ:Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
  • Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Тоҷикистон
вироиш  

Ситатаҳо

Дар бораи таъсири Аҳмади Дониш дар роҳи тараққиёти минбаъдаи адабиёти тоҷик ва махсусан насри бадеии он Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст: «Дар ҳамон вақтҳо (яъне дар вақти барои аввал хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар солҳои 1897 - 1898) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад Махдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода муҷассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри соданависӣ ҳам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводир-ул-вақоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони ҳозира хеле душвор намояд ҳам (ва дар ҳақиқат хеле душвор ҳам ҳаст), дар он замонҳо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобҳо ва аз он чизҳо, ки иншонависони ҳамон замон менавиштанд, хеле осон буд».

вироиш  

Мавзӯҳои Адабиёт

вироиш  

Коре, ки Шумо метавонед кард

  1. Мақолаву вироишоти нав таълиф намоед.
  2. Иловаву таҳрири мақолаҳои нопурраро ба анҷом расонед.

Кеши сервер холи карда шавад

Кеши сервер холи карда шавад


Эзоҳ

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 37 ISBN 978-99947-69-39-1
  2. Зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ