Jump to content

Простатит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Простатит
ИхтисосМезроҳпизишкӣ Edit this on Wikidata
Простатит
МКБ-10 N41 41.
МКБ-9 601601
DiseasesDB 10801
MedlinePlus 000524
eMedicine emerg/488 
MeSH D011472

Простатит (лот. prostatitis; анат. prostata — ғадуди зермасона + -itis — илтиҳоб) — газаки ғадуди зермасона (простата).

Сабабҳои беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Простатит дар натиҷаи аз пешоброҳа ба ғадуди зермасона ворид шудани микроорганизмҳо (ҳангоми газак гирифтани он, аз ҷумла дар аснои сӯзок, уретрит, баъзан чун оризаи гулӯдард, грипп, сил) пайдо мешавад. Сармозанӣ, махсусан нишастан дар замини нам, сӯиистеъмоли мубошарат ва камҳаракатӣ пайдоиши простатитро метезонанд.

Таснифоти беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Простатит шадид ва музмин мешавад.

Простатити шадид

[вироиш | вироиши манбаъ]

Простатити шадид дар натиҷаи аз пешоброҳа ба ғадуди простата роҳ ёфтани микроорганизмҳои бемориовар падид меояд. Он ҳамчунин имкон дорад дар мавриди пневмония, ангина, пучак, ҳафтпӯст ва ғайра низ пайдо шавад. Тарашшӯҳи ғадуди простата хосияти бактерисидӣ дорад, бинобар ин барои пайдоиши беморӣ омилҳои рукуд (масалан, тарзи кори нишаста, сармо хӯрдан, қабзияти шикам, суйиистеъмоли машруботи спиртдор ва ғайра) таъсири амиқ мерасонанд. Одатан, сабаби простатит стафилококк, стрептококк, қаламчамикроби рӯда, трихомонада барин микроорганизмҳо мебошанд. Аломатҳои простатити шадид инҳоанд: зуд-зуд пешоб кардан, сӯзиши атрофи мақъад, чакмезакӣ, вақти қазои ҳоҷат дард кардани рӯдаи рост, баланд шудани ҳарорати бадан. Дар давраи илтиҳоби римнок худ аз худ кафидани думбал ва аз пешоброҳа ё рӯдаи рост шоридани рим ҷой дорад. Простатитро духтур табобат мекунад. Беморон бояд ҳатман бистарӣ шуда, аз истеъмоли ғизоҳои тунд худдорӣ намоянд. Простатити шадид бо антибиотикҳои таъсирашон васеъ – канамитсин, гентамитсин, амписиллин, амикатсин, сефалоспорин, доруҳои сулфаниламидӣ табобат карда мешаванд. Барои рафъи дард аз шамъакҳои белладона, анестезин, пантопон ё промедол истифода мекунанд. Гарм нигоҳ доштани обгаҳ, микроклизма, обзанҳои гарм низ муфиданд. Дар мавриди зарурат ҷарроҳӣ ногузир аст. Саривақт муроҷиат накардан ба духтур, боиси пайдоиши оризаҳои ногувор мегардад (ба дигар узву бофтаҳо паҳн шудани микробҳо, пайдоиши уфунат, шакли музмин гирифтани беморӣ), мумкин аст минбаъд фаъолияти узвҳои таносул халал ёбад (сусткамарӣ ва ғайра).

Простатити музмин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Простатити музмин дуру дароз давом карда, аз давраҳои авҷгирӣ ва хомӯшӣ иборат аст. Ба он сӯзиши пешоброҳаю атрофи маъқад ва ҷудо шудани тарашшӯх аз пешоброҳа хос буда, боиси хастагӣ ва хашмгинии бемор мегардад. Дар ашхоси гирифтори простатити музмин нууз (эрексия) заиф ва эҳтилом (эякулятсия) тез аст, қобилияти корӣ суст мешавад. Простатити музминро духтур бо дору ва тадбирҳои физиотерапевтӣ табобат мекунад. Дар фосилаи байни хурӯҷи беморӣ табобати санаторию курортӣ таъйин карда мешавад.

Пешгирии беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи хуруҷи простатит мубошарат, истеъмоли машруботи спиртӣ, хӯроки тунду тез манъ мебошад. Барои пешгирии простатит саривақт ва пурра табобат кардани газаки пешоброҳа ва пешобдон зарур аст. Кори рӯдаҳоро танзим бояд кард. Ба шахсони камҳаракат пиёдагардӣ, машқҳои спортӣ, давидан, шиноварӣ, тенисбозӣ ва ғайра тавсия мешавад.

  • Донишномаи мухтассари тиб