Jump to content

Сусткамарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сусткамарӣ
ИхтисосМезроҳпизишкӣ, Равонпизишкӣ, Равоншиносӣ, sexology Edit this on Wikidata
Сусткамарӣ
МКБ-10 F52.252.2, N48.448.4
МКБ-9 302.72302.72, 607.84607.84
DiseasesDB 21555
MedlinePlus 003164
eMedicine med/3023 
MeSH D007172
Нақши минётурии зане, ки аз нокоромади шавҳараш назди қозӣ дар давлати усмонӣ шикоят мекунад.
Нақши минётурии зане, ки аз нокоромади шавҳараш назди қозӣ дар давлати усмонӣ шикоят мекунад.

Сусткамарӣ, ҳезӣ, заъфи боҳ, импотенсия (лот. impotens – сустӣ, беқувватӣ) — ҳолатест, ки дар мавриди он мард аз уҳдаи мубошарат намебарояд. Фаъолияти узвҳои таносул ба омилҳои модарзодӣ (масалан, таъсири ҳормонҳо) ва ғайримодарзодӣ (таҷрибаи андӯхта, таъсироти равонию иҷтимоӣ ва ғайра) вобастагӣ дорад. Зуҳурот ва доираи шаҳватро омилҳои нейроэндокринӣ ё нейрогуморавӣ, ки аз фаъолияти майна ва ғадудҳои усораи дохилӣ вобастаанд, муқаррар месозанд.

Аломатҳои зуҳурот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аломати хоси зуҳуроти шаҳвонии мард нууз (хестани нарра) мебошад, ки он барои мубошарат (наздикӣ ба зан) имконият медиҳад. Эҳтилом (ихроҷи нутфа) мақсади асосии қонеъ гардондани ҳисси шаҳвонӣ аст. Баҳри мубошарати дуруст рӯҳияи одам, ки интихоби ҳамхобаро дар алоқамандӣ бо меъёрҳои ахлоқу одоб муайян мекунад, аҳамияти калон дорад.

Сабабҳои сусткамарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сусткамарӣ, одатан, дар натиҷаи таъсири якҷояи омилҳои ҷисмонӣ, шахсӣ ва иҷтимоӣ инкишоф меёбад. Бинобар ин дар бисёр мавридҳо бояд доир ба хусусияти комплексӣ доштани сусткамарӣ сухан ронд. Сусткамарӣ маъмулан ба ихтилоли фаъолияти узвҳои таносул, ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), силсилаи асабҳои канорӣ ва шуъбаҳои олии майна вобастагӣ дорад. Дар бештарин мавридҳо коҳиши шаҳват ва сусткамарӣ на бемории мустақил, балки аломати ягон ноҷурии дигар аст. Чунончи, сусткамарӣ имкон дорад ҳангоми бемориҳои эндокринӣ, ки бар асари ихтилоли фаъолияти сохторҳои амиқи майна ва баъзе ғадудҳои усораи дохилӣ (мас., ғадудҳои ҷинсӣ, ғадуди сипаршакл) пайдо мешаванд, ба вуқӯъ пайвандад. Сусткамарӣ асосан дар шакли ихтилоли нууз падид меояд, ки сабаби он иллати ҳароммағз ва торҳои асаби узви таносул мебошад. Яке аз нишонаҳои сусткамарӣ – носозии эҳтилом (эякулятсия), одатан, нисбат ба аломатҳои дигар пештар ба вуҷуд меояд. Сабаби ноқисии эҳтилом бемориҳои урологӣ ва осеби марказҳои танзимгари фаъолияти ҷинсии майна ба шумор мераванд. Ноҷӯриҳои эҳтилом ба тарзҳои гуногун зуҳур меёбанд, масалан, дар оғози мубошарат ё ҳангоми ба маҳбал ворид кардани олоти таносул хориҷ шудани нутфа ва аз ин кайфият набурдани зан, ба таъхир мондани ихроҷи нутфа, ки мубошаратро тӯлонӣ ва дилбазан мекунад (баъзан эҳтилом ҳатто рух намедиҳад) ва ғайра. Дар баъзе ҳолатҳо эҳтилом мумкин аст аз дидани ягон ангезаи берунӣ (масалан, зани зебои нимурён), бардорузани нақлиёт ва эҳсосоти рӯҳӣ, хусусан тарси мубошарат карда натавонистан низ падид ояд.

Омилҳои равонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ақидаи бисёр мутахассисони шаҳватшинос сусткамарӣ дар бештарини мавридҳо ба ихтилоли фаъолияти олии асаб, аз ҷумла невроз, вазъи неврозӣ, афсурдарӯҳӣ (депрессия) ва ғайра вобастагӣ дорад. Бисёр вақт осебҳои рӯҳӣ ба қобилияти шаҳвонии одам таъсири номусоид мерасонанд. Бинобар ин, таъсири омилҳои дар назари аввал барои неруи шаҳвонӣ бетафовут (мас., хастагӣ, камхобӣ, кори вазнин, озурдагӣ, хотирпарешонӣ ва ғайра) аксар вақт боиси сусткамарӣ мегарданд. Дар робита ба ин суиистеъмоли машруботи спиртдор, алоқаи ҷинсии бетартиб, фосиқиҳои шаҳвониро низ набояд фаромуш сохт.

Коҳиши қувваи боҳ боиси нохушиҳои зиндагӣ ва моҷарои оилавӣ мегардад. Дар ин гуна мавридҳо ба духтурони шаҳватшинос, андрологҳо ё невропатолог муроҷиат кардан лозим аст. Баъзан сусткамарӣ ҳақиқӣ набуда, дар натиҷаи мубошарати бенизом, тағйироти синнусолӣ, муносибати нодурусти ҳамхобаҳо (мас., вуҷуд надоштани навозиш, бӯсу канор), сардмизоҷии зан ва ғайра сар мезанад. Ҳол он ки барои рафъи сусткамарӣ як суҳбати рӯҳнавоз, меҳрубонию дилбардорӣ кофист. Вале дар мавридҳои дигар сусткамарӣ тадқиқу ташхиси дурустро мехоҳад. Сари вақт муроҷиат кардан ба духтур самараи муолиҷаро афзун мегардонад.

Сусткамарӣ
МКБ-10 F52.2 ва N48.4
МКБ-9 302.72 ва 607.84
DiseasesDB 21555
MedlinePlus 003164
eMedicine / 
MeSH D007172