Jump to content

Пулод Атоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пӯлод Атоев
Зодгоҳ Хуҷанд

Пӯлод Атоев (таваллуд 1923, шаҳри Хуҷанд) — ширкаткунандаи ҶБВ (1941–1945), дорандаи се дараҷаи ордени Шараф, старшинаи гвардия. 30 сентябри 1942 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, дар ҳайати ротаи махсуси разведкаии дивизияи 52-юми пиёдагарди артишҳои 5, 30, 45, 57-уми ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ, Степной ва 2-юму 3­юми Украина зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Дар набарди де­ҳаи Красная Константиновкаи вилояти Кировоград барои таркондани нуқтаи оташфишони душман ва аз майдони ҷанг баровардани фармондеҳи маҷрӯҳ сазовори ордени Шараф (дараҷаи 3) гардид (1943). Ордени Шараф (дараҷаи 2)-ро соли 1944 барои аз кор баровардани хатти алоқаи душман ва асир гирифтани аскарони душман гирифт. Бо ор­дени Шараф (дараҷаи 1) барои нест кардани ДЗОТ-и душман (1945) баъди 25 соли тамом шудани ҷанг сарфароз гардид. асри санг 1959 шуъбаи ғоибонаи Институти педагогии Ленинободро хатм кард. Аз соли 1960 то ба нафақа баромадан мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-техникӣ ва таблиғоти назди Госплани Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Атоев Пулод бо якчанд медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.

  • Бозорбоева М., Бобохонов М. Сарбозони шуҷоъ. Душанбе, 1983;
  • Сафаров Р. Ҳазору як корнома. Ҷ. 1. Душанбе, 1995.