Равшани Ёрмуҳаммад
Равшани Ёрмуҳаммад | |
Таърихи таваллуд: | 13 июн 1942 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Рашт |
Таърихи даргузашт: | 4 март 2018 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт: | шаҳри Душанбе Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001), медалҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ |
Равшани Ёрмуҳаммад нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва драматурги тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Равшани Ёрмуҳаммад 27 январи соли 1942 дар деҳаи Ғармови деҳшӯрои Ғашёни ноҳияи Обигарм таваллуд ёфтааст. Моҳи майи соли 1947 хонадонашон ба ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида, дар ҳамин ҷой мактаби миёнаи ба номи Максим Горкийро (1959) хатм кардааст. Солҳои 1959-1964 таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома додааст. Солҳои 1975-1977, 1982-1986 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, тарҷумонии котиби дувуми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро баҷой овардааст. Баъдан дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Ҳақиқати Колхозобод», Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор кардааст. Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъйин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Дар айни замон мушовири бахши робитаҳои байналхалқии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон, сармуҳаррири нашрияи «Афсона» мебошад. То кунун ӯ тавонистааст чиҳил асари худро, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир кунад. Аз ҷумлаи романҳои ӯ бо номҳои «Ишқи Рӯдакӣ», «Бармакиён» ва «Хоҷа Низомулмулк» дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Соли 1993 барои қиссаи «Гӯрков» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мешавад. Чанд соле ҳам муовинати раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дошта, ҳоли мудири нашриёти хусусии «Афсона» ва сардабири нашрияи соҳавии «Роҳнамои зиндагӣ» мебошад[1].Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад 4 марти cоли 2018 дар синни 76-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки кӯдакаишаро дар ин ҷо гузаронидааст, ба хок супурданд.[2]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин ҳикояҳояш аз ибтидои солҳои шастум дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Шоҳбузи сафед» (1990), «Чашма» (1995), «Родничок» (1995), «Зулмот ё худ саргузашти аҷоибу ғароиби Қаламак» (1998), «Қиссаи шаҳри беҷон ё худ саргузашти духтари бофанда» (1998), «Гӯрков» (2000), қиссаҳои «Буду набуд» (2000), «Асҳоби Каҳф ва Рӯҳ» (2002), «Достони Қорун. Данонир» (2003), «Дардҳо ва ашкҳо» (2003), «Одамони кайҳонӣ» (2003), «Санги арӯс» (2005), романи «Бармакиён», қиссаҳои «Тӯфони Нӯҳ», «Хоб ва бедорӣ» (2007), «Ишқи Рӯдакӣ» (2008), «Қалби пурасрори ҳазораҷот» (2009), «Гурбача рӯ мешӯяд» (2009), «Ашкҳои ночакида» (2011), «Як ароба гулу хор» (2013) ва ғ. мебошад. Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дувум ва савум гардидаанд. Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои «Тазкирату-л-авлиё», рисолаҳои «Усули навиштани иншо», «Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан» ҳиссагузорӣ кардааст. Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаҳои нависандагони рус А.Алексин «Евдокияи ҷинӣ», «Фарзанди сари пирӣ», «Иҷрокунандагон ва иштироккунандагон», «Савум дар қатори панҷум», С.Сахарнов «Духтарак ва делфин» ва ҳикояҳои сершумори адибони хориҷӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 2001 барои китоби «Гӯрков» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001).
- Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (1993).
- Аълочии фарҳанг» (2003) ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008).
- Бо медалҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз ҷанҷолҳои кӯчагӣ то латукӯби нависанда Озодӣ 13 май 2012
- ↑ Даргузашти нависанда Равшани Ёрмуҳаммад(тоҷ.). www.faraj.tj. 13 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе: «Адиб», 2014, – С.85-86 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 13 июн
- Зодагони соли 1942
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рашт
- Даргузаштагони 4 март
- Даргузаштагони соли 2018
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Нависандагони асри XXI
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XX
- Тарҷумонҳои асри XXI
- Тарҷумонҳои наср ба забони тоҷикӣ
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Намоишноманависони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон