Равшан Раҷабов
Равшан Муҳитдинович Раҷабов | |
Таърихи таваллуд: | 6 май 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ: | Конибодом , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Равшан Муҳитдинович Раҷабов — ҳуқуқшинос, олим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Равшан Раҷабов 6 майи соли 1967 дар шаҳри Конибодом дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, фаъолияти кории худро соли 1984 баъди хатми мактаби миёнаи № 4 дар Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом ба ҳайси коргар оғоз кардааст. Солҳои 1985 — 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Челябинск ва дар Ҷумҳурии Демократии Германия хидмат намуда, соли 1987 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, дохил шуда, онро соли 1992 бо муваффақият хатм намуд. Аз моҳи августи ҳамон сол то августи соли 1993 дар кафедраи «Назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ» — и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи омӯзгориву илмии ин марди донишманд ва мураббии ҷавонон бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд гардид. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Проблемаҳои ташаккулёбии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ-методологӣ» ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гардидааст. Муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла ду монография, ду курси мухтасари лексияҳо, зиёда аз даҳкитобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Бо кӯшишу эҳтимоми ӯ чандин барномаҳои таълимӣ ва методӣ омода гаштаанд, ки ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.
Раҷабов Равшан — мутахассиси шинохтаи соҳаи назарияи масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ, олими барҷастаи мактаби ҳуқуқшиносии кишвар, ҳамзамон бо таҳияи чандин лоиҳаҳои қонунҳо ва асосноккунии илмии онҳо дар инкишофи давлат ва такмили соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст. Барои хидматҳои шоён ва дастовардҳо дар кори илмию омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас Равшан Раҷабов бо медали «Барои хидматҳои шоён» ва як қатор «Ифтихорнома»-ҳои вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Равшан Муҳитдинович Раҷабов(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 6 май
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Конибодом
- Номзадҳои улуми ҳуқуқшиносӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон