Раззоқ Ғаффоров
Раззоқ Ғаффоров | |
Таърихи таваллуд | 15 январ и соли 1932 |
Зодгоҳ | ш. Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 25 май 2001 |
Пеша | олим |
Раззоқ Ғаффоров — (15 январ и соли 1932, н. Самарқанд – 25 майи соли 2001 ), олими забоншинос, доктори илми филологӣ (1980), профессор (1986), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1992).[1]
Ҳолнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар д. Хоҷа Ғуломи н. Самарқанд ба дунё омадааст. Дар шуъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷик, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар Самарқанд таъсис дода шуда буд, таҳсил намудааст (1947-1949). Муаллими мактаби миёнаи д. Чоркӯҳи н. Исфараи Тоҷикистон ва қарияи Оҳалики н. Самарқанд (1949-1951), Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1954-1959). С. 1959 бо даъвати маъмурияти ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба Сталинобод омадааст: ходими хурди илмии шуъбаи забони адабии тоҷик (1959-1965), мудири шуъбаи лаҳҷашиноси (1965-1992) Институти ЗА ба номи А. Рӯдакии АИ Тоҷикистон. Соли 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ барои таҳкими факултети филологияи тоҷик ӯро ба кор даъват намуд, ки дар он ҷо то охири умр мудири кафедраи забони тоҷ. буд. 15 нафар унвонҷӯ зери роҳбариаш рисолаи номзади дифоъ кардааст. Ба номи ӯ Омузишгоҳи омӯзгории Хуҷанд гузошта шудааст.
Мероси илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ ва монография, аз ҷумла:
- “Забон ва услуби Раҳим Ҷалил” (1966),
- “Замон ва забон” (1975),
- “Устоди бузурги сухан” (1978),
- “Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” (қ.3 “Синтаксиси ҷумлаи сода”, 1979),
- “Синтаксиси лаҳҷаҳои тоҷикӣ” (1993),
- “Наттоқ ва устоди калом” (1999),
яке аз муаллифони китоби дарсии:
- “Услубшиносӣ дар мактаби миёна ва олӣ”,
- “Забони тоҷикӣ барои факултаи филология”,
- “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”,
- “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” (асари 5-ҷилда)
ки барои он бо ҳамкорон ва шогирдон сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст (1989). Раиси Шӯрои дифои рисолаҳои доктори ва номзадии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1989-1993).
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.47
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Даргузаштагони 25 май
- Даргузаштагони соли 2001
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Зодагони Самарқанд