Рамазон Раҳимзода
Раҳимзода Рамазон Ҳамро | |
аз 5 январи 2012 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Абдураҳим Каҳҳоров |
|
|
Таваллуд |
25 апрел 1960 (64 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Раҳимов Рамазон Ҳамроевич |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Хидмати сарбозӣ | |
Рутба | генерал-полковник |
Раҳимзода Рамазон Ҳамро (Раҳимов Рамазон Ҳамроевич; 25 апрели 1960, ноҳияи Ховалинг) — ходими давалтии тоҷик, генерал-полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2012).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рамазон Раҳимзода 25 апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Русияро хатм кардааст[1].
- Соли 1982 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии Тошкенти ВКД ИРСС-ро хатм кардааст. Ихтисос: инженери чорво, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
- Солҳои 1983—2001 — кор дар вазифаҳои гуногун дар ШКД — ҳои ВКД ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон хидмат кардааст.
- Солҳои 2001—2004 — Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ
- Солҳои 2004—2005 — Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
- Солҳои 2005—2007 — Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2007—2008 — Сардори Хадамоти муҳочирати ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2008—2009 — Мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2009—2012 — Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2009-2012 — кор дар вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Спитамен дараҷаи I,
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II,
- «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
- «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон»
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро(тоҷ.). vkd.tj. 20 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро(тоҷ.). www.president.tj. www.president.tj. 18 май 2024 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 апрел
- Зодагони соли 1960
- Зодагони вилояти Хатлон
- Докторони улуми ҳуқуқшиносӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон