Jump to content

Расонидан бе ситонидани пардохт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Расонидан бе ситонидани пардохт - аз рӯйи қоидаҳои ИНКОТЕРМС шартҳое мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда бояд молро то ҷойи кишвари воридотии дар шартномаи харидуфурӯш пешбинигардида расонад. Фурӯшанда тамоми хароҷот ва таваккалеро, ки бо расонидани мол алоқаманд мебошанд, ба уҳда мегирад, ғайр аз боҷ, андозҳо ва дигар хароҷоти муқарраршуда, ки ҳангоми воридот супорида мешаванд, ҳамчунин хароҷот ва таваккалҳое, ки ба расмияти (барасмиятдарории) гумрукӣ марбут мебошанд. Харидор дар навбати худ ҳама гуна хароҷоти иловагӣ ва таваккалеро, ки вобаста ба бемаврид «тоза кардани» молҳо барои воридот ба вуҷуд меоянд, пардохти маблағҳо менамояд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пардохт

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393