Рафиқа Мусоева
Рафиқа Ғаниевна Мусоева | |
январ соли 2001 — январ соли 2003 | |
|
|
Таваллуд | 1953 |
Ҳизб | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон |
Касб | ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ |
Ҷоизаҳо | Ходими шоистаи илм ва техника (1994), ордени «Дӯстӣ» (1999), медали «15-солагии Иҷлосияи 12-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тотористон» (2007), медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), медали «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) |
Рафиқа Ғаниевна Мусоева (тав. 9 апрели 1953, шаҳри Ленинобод) — олим ва арбоби давлатии тоҷик. Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001 - 2003).
Аввалин зани тоҷик, ки унвони номзади илмҳои техникӣ гирифт.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рафиқа Мусоева соли 1970 мактаби миёнаи раками 21-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Баъди панҷ сол вай Институти политехникии Точикистонро бо ихтисоси муҳандис-электрик хатм кард. Моҳи феврали соли 1980 дар синни 26-солагӣ дар Шӯрои махсуси Донишкадаи муҳандисони авиатсияи граждании Маскав рисолаи номзадиашро дифоъ кард ва аввалин зани тоҷик шуд, ки унвони номзади илмҳои техникӣ гирифт. Вай дар кафедраи автоматика ва техникаи ҳисоббарор ва дар як вақт котиби озоди комитети комсомолии Институти политехникии Тоҷикистон шуда кор мекард.
Соли 1981 ба хизмати давлатӣ гузашта, дар вазифаи котиби КМ комсомоли ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1986 се сол дар аппарати КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи августи соли 1989 котиби якуми Кумитаи ноҳияи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (ҳоло ноҳияи Фирдавсӣ) интихоб шуд. Аз феврали соли 1990 то соли 1995 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 буд. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сохтмон, узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ягона зан дар таркиби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Р. Мусоева узви Комиссияи конститутсионӣ, узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Мавқеи фаъолона ва принсипиалии вай имкон дод, ки дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба Конститусия як қатор меъёрҳои хуқукии ҳифзи ҳукуку озодиҳои занон, кудакон ва оилаҳо дохил карда шаванд. Соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати аввал (парлумони кишвар) интихоб шуда, дар иҷлосияи аввали он раиси Кумитаи давлатии сохтмони порлумони кишвар интихоб шуд. Соли 1998 Академияи хизмати давлатии Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, соҳиби тахассуси ҳуқуқшинос-мутахассиси сохтмони давлатӣ ва ҳуқуқ мебошад.
Моҳи январи соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз январи соли 2001 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Аз соли 2005 то имрӯз Мусоева Р. ба ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон» роҳбарӣ мекунад.
Аз моҳи майи соли 2012 то ноябри соли 2015 директори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» буд.
Аз декабри соли 2011 ба созмони ҷамъиятии "Корпуси сулҳи занон" роҳбарӣ мекард.
Як қатор мақолаву мақолаҳои илмӣ, 4 монографияи илмию техникӣ ба табъ расида, дар таҳияи як қатор гузоришҳои таҳлилӣ ва тақризҳо иштирок кардааст.
Р. Мусоева Ходими шоистаи илм ва техника (1994), инчунин бо дигар мукофотҳои олии кишвар сарфароз гардидааст: ордени «Дӯстӣ» (1999), медали «15-солагии Иҷлосияи 12-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тотористон» (2007), медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), медали «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021).
«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ» (2021) мебошад.
Р. Мусоева узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои миллии ТШСИ (Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ) мебошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Kamoludin Abdullaev; Shahram Akbarzaheh. Historical Dictionary of Tajikistan. — 2010.