Jump to content

Раънохон Абдуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раънохон Абдуллоева
Сурат
Таърихи таваллуд 20 декабр 1928(1928-12-20) (95 сол)
Зодгоҳ
Пеша муаллима

Абдуллоева Раънохон (зод. 20 декабри 1928, шаҳраки Ким, ноҳияи Исфара — 19 апрели 2016, ноҳияи Исфара)  — омӯзгор, Аълочии маорифи халқи ҶТ (1957).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раънохон Абдуллоева 20 декабри соли 1928 дар шаҳраки КИМ (имрӯза Нурафшон) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, ба Донишкадаи давлатии педогогии шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1957 ба итмом расонидааст[1].

Ҳисобчии хоҷагии ёрирасон, котиби озоди комсомолӣ, сардори шуъбаи кадрҳои корхонаи истеҳсолии нефти Ким (19431946), муаллимаи забони русии мактабҳои миёнаи № 5,9, методисти Институти такмили ихтисос, инспектори шуъбаи маорифи шаҳри Ленинобод — ҳозира Хуҷанд, (1952—1960), директори мактаби ба номи Гагарини шаҳри Исфара (1960—1965), ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара (1965—1968), раиси комиҷроияи шаҳри Чкаловск (1968—1972), мудири шуъбаи маданияти вилоят (1972—1976), раиси кумитаи шаҳрии иттифоқи касабаи коркунони соҳаи коммуналӣ ва саноат (1976—1984) ва аз соли 1984 нафақахӯри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, муаллимаи мактаби № 12 (1985—1996).

Хидматҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳи Президиуми Шeрои Олӣ ва КМ ПК Тоҷикистон қадр шудаанд.

  1. Даргузашти Раъно Абдуллоева. Рӯзномаи "НАСИМИ ИСФАРА" (19 апрели 2016). 3 ноябри 2022 санҷида шуд.