Раҳима Шарипова
Раҳима Мансуровна Шарипова | |
Таърихи таваллуд | 27 сентябр 1941 (83 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Раҳима Мансуровна Шарипова (зод. 27.09.1941, Душанбе) — номзади илмҳои физика ва математика (1981), дотсент (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1963 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1968—1971 аспиранти шуъбаи математикаи Институти физикию техникии ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1971—1996 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор карда, 1988—1996 вазифаи мудири кафедраи номбурдаро ба уҳда дошт. Оид ба масъалаҳои канории муодилаҳои дифференсиалии ниҳодвайрон кори илмӣ анҷом дода, ду васоити таълимӣ ва зиёда аз 26 мақолаҳои илмию методӣ нашр кардааст. Дар симпозиуму конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ (Алма-Ато, Ашқобод, Иркутск, Ленинград, Душанбе, Новосибирск) бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Айни ҳол ба нафақа баромадааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 27 сентябр
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо