Ҳошим Раҳимов
Зоҳир
(Тағйири масир аз Раҳимов Ҳошим)
| |
Таърихи таваллуд: | 19 сентябр 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ: | |
IMDb: | ID 1066369 |
Раҳимов Ҳошим (зод. 19 сентябр 1954, Сталинобод) — ҳунарпешаи синамо. Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи актёрии Донишкадаи Умумииттифоқии Давлатии синамогарон, шогирди ҳунарпешаи мардумии СССР, профессор С. Ф. Бондарчук (Маскав, 1975). Солҳои 1975—1981 — ҳунарпешаи театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), солҳои 1981—1987 — ҳунарпешаи театри давлатии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, солҳои 1987—1993 — ёвари коргардон ва коргадони дубляжи студияи синамои «Тоҷикфилм», аз соли 1993 — ҳунарпешаи театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандӣ (шаҳри Хуҷанд).
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар филмҳои зерин нақш бозидааст:
- «Имрӯз ва ҳамеша» (1979),
- «Ҷинояткор ва вакилони дифоъ» (1981),
- «Контакт» (2 серия, телевизионӣ, 1981),
- «Саргузашти Муки кӯчак» (тел., 1983),
- «Тӯҳфа» (тел., 1984),
- «Обрӯ» (тел., 1984),
- «Дӯстонро намефурӯшанд» (1984),
- «Ҳодиса дар фурӯдгоҳ» (3 серия, тел., 1987),
- «Нигоҳ» (1988),
- «Дарди ишқ» (1989),
- «Ҳодисаи ғайриэҳтимолӣ» (1989),
- «Майдони кишти пиёз» (тел., 1989),
- «Туҳмат» (1992),
- «Қасоскори хурдакак» (1992)
ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 2012.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |