Jump to content

Ҳошим Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳошим Раҳимов
Таърихи таваллуд: 19 сентябр 1954(1954-09-19) (70 сол)
Зодгоҳ:
IMDb: ID 1066369

Раҳимов Ҳошим (зод. 19 сентябр 1954, Сталинобод) — ҳунарпешаи синамо. Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи актёрии Донишкадаи Умумииттифоқии Давлатии синамогарон, шогирди ҳунарпешаи мардумии СССР, профессор С. Ф. Бондарчук (Маскав, 1975). Солҳои 1975—1981 — ҳунарпешаи театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), солҳои 1981—1987 — ҳунарпешаи театри давлатии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, солҳои 1987—1993 — ёвари коргардон ва коргадони дубляжи студияи синамои «Тоҷикфилм», аз соли 1993 — ҳунарпешаи театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандӣ (шаҳри Хуҷанд).

Дар филмҳои зерин нақш бозидааст:

  • «Имрӯз ва ҳамеша» (1979),
  • «Ҷинояткор ва вакилони дифоъ» (1981),
  • «Контакт» (2 серия, телевизионӣ, 1981),
  • «Саргузашти Муки кӯчак» (тел., 1983),
  • «Тӯҳфа» (тел., 1984),
  • «Обрӯ» (тел., 1984),
  • «Дӯстонро намефурӯшанд» (1984),
  • «Ҳодиса дар фурӯдгоҳ» (3 серия, тел., 1987),
  • «Нигоҳ» (1988),
  • «Дарди ишқ» (1989),
  • «Ҳодисаи ғайриэҳтимолӣ» (1989),
  • «Майдони кишти пиёз» (тел., 1989),
  • «Туҳмат» (1992),
  • «Қасоскори хурдакак» (1992)

ва ғ.

  • Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 2012.