Раҳим Саидзода
Раҳим Ҳамро Саидзода | |
21 феврали соли 2022 — то ҳол | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Муҳаммадюсуф Имомзода |
|
|
Таваллуд |
28 апрел 1959 (65 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Саидов Раҳимҷон Ҳамроқулович |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои техникӣ |
Унвони илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (1999), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) |
Раҳим Саидзода (Саидов Раҳимҷон Ҳамроқулович; 7 июни 1969, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, доктори илмҳои техникӣ (2018), профессор. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳим Саидзода 7 июни соли 1969 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1986—1993 дар факултети автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987—1989 дар сафи Артиши Шӯравӣ (шаҳри Горкий, Федератсияи Русия) хидмати ҳарбӣ намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1995—1997 — Ассистенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 1997—1999 — Муаллими калони кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2003—2003 — Сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2003—2005 — Мудири кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2004—2005 — Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2005—2009 — Директори Колеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2009—2010 — Сардори раёсати атестатсия, акредитатсия ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2010—2011 — Муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2011—2015 — Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2015—2017 — Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2017—2019 — Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
- 2019—2022 — Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2021 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[1].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳим Саидзода соли 1998 рисолаи илмии номзадиашро дар мавзӯъи "Хӯлаҳои алюминий ва берилий бо баъзе маталҳои нодирзаминӣ" ҳимоят кардааст. Соли 2017[2] рисолаи докториашро дар мавзӯъи "Сохторбандӣ ва хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаҳои сабуки алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ" ҳимоят кардааст[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳим Саидзода бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1999), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва дигар ифтихорномаю дипломҳо қадрдонӣ шудааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Саидзода Р. Ҳ.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Шӯроҳои диссертатсионӣ 6D.КОА-007. chemistry.tj. Иинститути химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ (4 июли 2017). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Доктори илмҳои техникӣ, 53-сола: Вазири нави маорифи Тоҷикистон кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- Зодагони 28 апрел
- Зодагони соли 1959
- Зодагони вилояти Хатлон
- Докторони улуми техникӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон