Jump to content

Раҳматкарими Давлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раҳматкарим Давлатов)
Раҳматкарими Давлат

Раҳматкарими Давлат (Давлатов Раҳматкарим Мирзокаримович; зод. 9 октябри 1972[1], ноҳияи Дарвоз) — рӯзноманигор ва таърихнигори тоҷик, номзади илмҳои таърих.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳматкарими Давлат 9 октябри 1972 ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.

Хабарнигори радиои «Садои Хуросон» дар Душанбе, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Суруш» ва аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» буд[2]. Раҳматкарими Давлат аз соли 2015 дар муассисаҳои илмии вобаста ба АМИТ фаъолият менамояд. Солҳои 2015—2017 ба ҳайси ходими илмии шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, аз соли 2017 то соли 2018 ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, солҳои 2018—2019 ходими каломни илми шуъбии таҳияи феҳристи дастахатҳои Маркази мероси хаттӣ[3], аз 1 январи 2020 мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Марказ кор кардааст. Раҳматкарими Давлат аз 1 майи 2020 директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шудааст[4].

Фаъолиияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳматкарими Давлат муаллифи чандин рисолаи илмӣ, аз ҷумла монографияҳои «Барномаи ҳастаии Эрон: мушкилот ва дурнамо», «Афғонистони имрӯз: омилҳои дохилӣ ва хориҷи ҷангу сулҳ», «Афғонистон дар сиёсати хориҷии Эрон» ва садҳо мақолаи илмӣ ва илмӣ оммавӣ мебошад[4].

  1. Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво. old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (9 октябри 2015). 20 май 2024 санҷида шуд.
  2. Раҳматкарими Давлат - Ҳолномаи муаллиф(тоҷ.). www.ozodi.org. Радиои Озодӣ. 20 май 2024 санҷида шуд.
  3. Олимҷон Хоҷамуродов. Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Рӯзномаи Миллат (11 октябри 2022). 20 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 май 2024.
  4. 4.0 4.1 Директор | Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. merosikhatti.tj. 20 май 2024 санҷида шуд.