Jump to content

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Соли таъсис 2017
Президент Раҳматкарим Давлатов
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, Ҳусейнзода, 35
Сайт merosikhatti.tj

Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — яке аз бузургтарин ганҷинаҳои осори хаттии шарқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Заминаи Марказ баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус, Самарканду Бухоро пас аз таъсиси Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъ овардани дастнависҳо ба миён омада, бо ҳамин мақсад 17 январи соли 1958 бо қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ хаттӣ таъсис шуд.[1].

Соли 1970 дар заминаи Шуъбаи мазкур Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд, Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ, ки баъдан Фонди дастнависҳои шарқӣ ном гирифт, муҳимтарин ҷузъи Институти шарқшиносӣ маҳсуб мешуд. Кори асосии ходимони Шуъбаи дастнвисҳо ҷамъоварӣ, тавсиф ва таҳияи феҳрист ё каталоги нусхаҳои хаттӣ буд. Бо ташкили Институти шарқшиносӣ шуъбаҳои иловагӣ таъсис шуда, самтҳои дигари пажуҳиш шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд. Роҳбарии Институти шарқшиносӣ ба уҳдаи донишманди тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор шуда буд.

Соли 1991 бо қарори Шӯрои вазирони СССР ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № УП-103, аз 02 апрели соли 1991, Институти мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон ташкил гардида, шоири номвару донишманди тоҷик Муъмин Қаноат директор-ташкилкунандаи Институт таъйин карда шуд.

2 марти соли 1993 бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №3 Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Фонди дастхатҳои шарқии он ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ гузаронида мешавад. 2 апрели соли 1998 бо назардошти пешомадани зарурат барои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва равандҳои муосири кишварҳои шарқӣ, бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 48, Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ табдил ном намуда, доираи фаъолияти он густариш пайдо намуд. Институт дар ин давра аз шаш шуъба, ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ ва чопии нодир, лабораторияи таъмири китобҳо буд.[2].

Аз 4 феврали соли 2011, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ муттаҳид шуда, минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакии АИ ҶТ номгузорӣ шуд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри 2016, таҳти №465, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ ба муассисаҳои зерини илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо карда шуд:

1. Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ

2. Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ

3. Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Хазинаи мероси хатии назди Раёсати Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 13 ноябри 2017, бо қарори Раёсати АИ ҶТ, №42 (а) ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ табдил дода шуда, идомадиҳандаи самти кор ва иҷрокунундаи таъйиноти вазифаи муассисаҳое мебошад, ки бо номҳои гуногун аз соли 1958 фаъолият доштанд.

Аз соли 2017 баъди табдили номи муассиса ба Маркази мероси хаттӣ корашро дар чаҳор самти мушаххаси соҳа идома дод:

а) Нусхашиносӣ – тафсири илмии нусхаҳои хаттиву сангии маҳфузи ганҷинаи дастнависи Маркази мероси хаттӣ, таҳия ва нашри феҳристи дастнависҳои гуногунзабони дар ганҷина нигаҳдоришаванда ба забонҳои тоҷикиву русӣ, танзими версияи электронии онҳо;

б) Матншиносӣ ё таҳия ва табъу нашри мероси хаттии дастраси ниёконамон дар заминаи нусхаҳои нодири хаттӣ ва қиёси онҳо бо нашрҳои гуногун;

в) Ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тармими нусхаҳои хаттӣ;

г) Тарҷума, нашр ва омавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои хориҷӣ.

Аз соли 2020 роҳбарии Маркази мероси хаттӣ ба уҳдаи Раҳматкарим Давлатов гузошта шуда, усулу равиши кори кормандони марказ тарзу тартиби нави фаъолият – дар заминаи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби васоити ҷадиди техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2020 кормандони Марказ ба истиқболи 30 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 китоб ва аз соли 2017 бошад дар маҷмуъ 42 китоб нашр ва дар дастраси хонандагон қарор додаанд.[3].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • merosikhatti.tj — вебгоҳи расмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ
  1. Таърихи марказ(тоҷ.). anrt.tj (2022). 31 май 2024 санҷида шуд.
  2. Таърихи марказ(тоҷ.). anrt.tj (2022). 31 май 2024 санҷида шуд.
  3. Таърихи марказ(тоҷ.). anrt.tj (2022). 31 май 2024 санҷида шуд.