Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Зоҳир
Соли таъсис | 2016 |
---|---|
Президент | Ёрмаҳмад Ниёзӣ |
Нишонии ҳуқуқӣ | ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33 |
Сайт | osiyoavrupo.tj |
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо — муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.[1].
Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.
Сохтори Институт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шуъбаи ИДМ (Бахши таҳқиқоти Россия)
- Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна (Бахши арабшиносӣ ва Бахши туркшиносӣ)
- Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
- Шуъбаи Аврупо
- Шуъбаи ИМА ва Канада
Самтҳои ҳамкорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
- омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сиёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
- бурдани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дохилӣ ва фаромиллӣ (аз ҷумла дар мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ);
- омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа, низоъҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти маҳалгароӣ, зиддияти байни маҳалҳо ва қавмҳо;
- ташкили конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
- ташкили назарсанҷӣ ва пурсишҳо дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои мухталиф.[2].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- osiyoavrupo.tj — вебгоҳи расмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо(тоҷ.). anrt.tj (2022). 31 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2024.
- ↑ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо(тоҷ.). anrt.tj (2022). 31 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2024.