Раҳмоналӣ Амирзода
Намуди зоҳирӣ
Раҳмоналӣ Амирзода | |
|---|---|
| Амирзода Раҳмоналӣ Амир | |
| Таърихи таваллуд: | 1 октябр 1954 (71 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1976) |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Амирзода Раҳмоналӣ Амир (Шаблони холии {{ВД-Дебоча}} ) – иқтисодчӣ, арбоби давлатӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амирзода Раҳмоналӣ Амир 1 октябри соли 1954 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1989-1991 мактаби Олии ҲК ИҶШС-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм намудааст. Ихтисос: иқтисодчӣ
- Солҳои 1971-1976-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- Солҳои 1976-1977-иқтисодчии калони Идораи молҳои хӯроквории ноҳияи Фрунзе (ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе;
- Солҳои 1977-1978-иқтисодчии калони Комбинати хидмати маишии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин);
- Солҳои 1978-1979-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС Федератсияи Россия;
- Солҳои 1979-1981-инструктори шуъбаи ташкилотҳои комсомолӣ, мудири шуъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб;
- Солҳои 1981-1984-котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва ва Шамсиддин Шоҳин);
- Солҳои 1984-1987-мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, котиби комитети ҳизби Коммунистии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин);
- Солҳои 1987-1988-мудири шуъбаи молиявию хоҷагии комитети ҳизбии Коммунистии вилояти Кӯлоб;
- Солҳои 1988-1993-котиб, котиби якуми комитети ҳизби Коммунистӣ, ҳамзамон солҳои (1989-1991) раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Муъминобод;
- Солҳои 1993-1995-сардори шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозхимия»;
- Солҳои 1995-1997-сардори шуъбаи гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 1997-2001-раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
- Солҳои 2001-2006-директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2006-2009-муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2009-2012-муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Солҳои 2012-2013-раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
- Аз декабри соли 2013- то инҷониб раиси шаҳри Ваҳдат.
- Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V буд.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1999 бо Ордени Шараф ва 29 августи соли 2014 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Амирзода Раҳмоналӣ Амир(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2020.
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 1 октябр
- Зодагони соли 1954
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Муъминобод
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Википедия:Саҳифаҳо бо шаблони холии ВД-Дебоча
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Дорандагони ордени Шараф
- Кормандони шоистаи Тоҷикистон