Раҳмон Шораҳматов
Зоҳир
Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич | |
Таърихи таваллуд: | 18 апрел 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ: | Исфара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раҳмон Шоабдуллоевич Шораҳматов – омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳмон Шораҳматов 18 апрели соли 1959 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1982 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Ихтисос: механик-математик. Сарвари литсейи №3-и Ворух, шаҳри Исфара.
- Солҳои 1977-1982-донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
- Солҳои 1982-1984-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
- Солҳои 1984-1986-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ;
- Солҳои 1986-1992-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 22–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
- Солҳои 1992-1996-директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №22–и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
- Аз соли 1996- то инҷониб сарвари литсейи №3-и Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.