Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ | |
|---|---|
| Раҷабалӣ Файзалиевич Раҳмоналиев | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 7 октябри 1967 (58 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
| Намуди қушун | Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ |
| Рутба | генерал полковник |
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ (7 октябри соли 1967, ноҳияи Данғара) — генерал-полковник, фармондеҳи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Аз соли 2013 сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. [1] [2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҷабалӣ Файзалиевич Раҳмоналиев 7 октябри соли 1967 дар ш. Данғара, Вилояти Хатлони ҶШС Тоҷикистон маркази ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. [1] Соли 1989 Мактаби олии сохтмони ҳарбӣ-сиёсии Таллинро бо ихтисоси ҳарбӣ-сиёсӣ хатм кардааст. [1]Дар давоми хизмат дар Челябинск ва РСС Қазоқистон буд. [3] Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи марти соли 1992 ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон омада, дар Вазорати дифоъ дар вазифаҳои муовини комиссари ҳарбӣ хизмат кардааст. [1] Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар отряди Фронти Халқии Тоҷикистон хизмат кардааст. [3] Моҳи январи соли 2004 ба ҷои Ғаффор Мирзоев фармондеҳи Гвардияи миллӣ шуд. [1] 20 ноябри соли 2013 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуд, ки ҳамзамон бо вазифаҳои сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ кор мекунад. [1]

Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи мукофотҳои давлатӣ: ордени «Спитамен» (1997), ордени «Шараф» (1999) ва ордени «Зарринтоҷ дараҷаи II» (2013). [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 6 7 В ДУШАНБЕ ГОСПИТАЛИЗИРОВАНЫ 14 ТОП-ОФИЦЕРОВ ГКНБ, В ТОМ ЧИСЛЕ КОМАНДУЮЩИЙ ПОГРАНВОЙСК ТАДЖИКИСТАНА(англ.). akhbor-rus.com. 12 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 май 2021.
- ↑ Первый заместитель Председателя - Командующий Пограничными войсками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан. www.skpw.ru. 12 май 2021 санҷида шуд.
- 1 2 РАХМОНАЛИЕВ (РАХМОНАЛИ) Раджабали Файзалиевич | ЦентрАзия. centrasia.org. 12 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/security/20190326/265748