Резиши баҳман дар Хоруғ (2023)
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Хоруғ |
Замони вуқуъ | 15 феврал 2023 |
Шумори ҷонбохтагон |
|
Резиши баҳман дар Хоруғ дар субҳи 15 феврали 2023 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ рух дод, ки 16 тан кушта[1] ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд.
Субҳи рӯзи 15 феврали 2023 дар шаҳри Хоруғ дар пайи фаромадани тарма 39 хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф монданд. Шаш манзил пурра хароб шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, аз миёни 13 қурбонии тарма дар Хоруғ, 9 нафарашон сокини ноҳияи Мурғоб, ду нафар сокини Хоруғ ва як нафарӣ бошандагони ноҳияи Роштқалъа ва Рӯшон мебошанд. Ба гуфтаи манбаъ, панҷ тан аз қурбониён донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаҳои Тоҷикистон 69 тармафароӣ ба қайд гирифта шуданд, ки 44-тояш дар ҳудуди ВМКБ, 11 тармафароӣ — дар шоҳроҳи Душанбе—Чаноқ, 14 — дар ноҳияи Нуробод буданд. Бо сабаби ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе—Хоруғ, Хоруғ—Ишкошим—Мурғоб, Душанбе—Чаноқ имконнопазир шудаанд[2].
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Раҳбари миллии халқи туркман – Раиси Маслиҳати Халқии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар телеграмма ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии самимона баён карданд[3][4][5][6][7][8].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муллораҷаб Юсуфӣ. Шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид(тоҷ.), Радиои Озодӣ (16 феврали 2023). Проверено 17 феврали 2023.
- ↑ Рао/Ро. Рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 69 ҳолати тармафароӣ сабт шудааст(тоҷ.), Радиои Озодӣ (17 феврали 2023). Проверено 18 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Президента Республики Беларусь Александра Лукашенко Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). khovar.tj. 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Генерального секретаря Шанхайской организации сотрудничества Чжан Мина Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Национального Лидера туркменского народа, Председателя Халк Маслахаты Туркменистана, Гурбангулы Бердымухамедова Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Президента Туркменистана Сердара Бердымухамедова Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Президента Республики Казахстан Касым-Жомарта Токаева Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2023.
- ↑ Телеграмма соболезнования от Президента Исламской Республики Ирану Сайида Иброхима Раиси Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2023.