Ноҳияи Мурғоб
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Мурғоб | |
---|---|
Ноҳияи Мурғоб | |
38°11′10″ а. шим. 73°59′49″ т. ш.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 1 шаҳрак, 5 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Мурғоб |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 27 октябри 1932 |
Масоҳат | 38 442,2 км² (53 %, 1-ум ҷой) |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 14 400 [1] нафар нафар (2015)(4,8 %, 7-ум ҷой) |
Баҳодиҳии аҳолӣ | (2015) |
Зичӣ | 0,4 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо, сунниҳо |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ, қирғизӣ, Забонҳои бадахшонӣ — шуғнӣ, рӯшонӣ, вахонӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | MU |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.MU |
Коди телефон | +992 3554 |
Нишонаи почта | 736 600 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
![]() |
|
![]() |
Ноҳияи Мурғоб (форсӣ: ناحیۀ مرغاب) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Маркази ноҳияи Мурғоб шаҳраки Мурғоб (форсӣ: مرغاب) аст, ки 324 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Марғоб ҷой дорад.
Ҷойгоҳ[вироиш]
Ноҳияи Мурғоб дар шимол бо вилояти Уши Қирғизистон, дар шарқ бо ноҳияи мухтори Синчиён-Уйғуристони Чин, дар ҷануб бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Ин ноҳия дар шимолу ғарб бо ноҳияҳои Тавилдараву Ҷиргатол ва дар ғарб бо ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим ҳамсоя аст.
Аз шарқи ноҳияи Мурғоб ба ғарби он рӯдҳои Марғоб ва Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.
Ноҳияи Мурғоб 38442,2 км² масоҳат дорад. Ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии беш аз 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, барои зиндагии инсон чолишҳои худро дорад. Баландкӯҳи сарду зебоманзар на ба ҳар инсон барои зиндагӣ мувофиқ аст. Камбуди шадиди оксиген аз хусусиятҳои вижаи табиати Мурғоб мебошад. Тӯли умри инсон дар ноҳия аз 55 то 65 солро ташкил медиҳад.[2]
Мардум[вироиш]
Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Мурғоб 14 400 нафар зиндагӣ мекарданд.[1] Мардуми ноҳияи Мурғоб ба забонҳои қирғизӣ сухан мегӯянд.
Бахшбандӣ[вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Мурғоб 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[3]
Ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳраки Мурғоб | 6365 | Мурғоб | |||||||||
Аличур | 1788 | Аличур, Башгумбаз, Булункӯл | |||||||||
Гожо Бердибоев | 3124 | Конакурган, Карадомор, Карасуу, Мадиян, Мамадзаир, Токтомушбек, Чештебе | |||||||||
Каракӯл | 3532 | Каракӯл, Караарт, Жанижер | |||||||||
Қизилработ | 1471 | Токтомуш, Акбейт, Қизилқурум, Чештебе
Шаймак | |||||||||
Рангкӯл | 1165 | Рангкӯл, Суубашӣ, Чечектӣ, Шатпут |
Ҳукумат[вироиш]
Сарвари ноҳияи Мурғоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Мурғоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Мурғоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
- ↑ Чаро сокинони Мурғоб кӯтоҳумранд?
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
Манобеъ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану
- Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0