Jump to content

Ресепсияи ҳуқуқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ресепсияи ҳуқуқ - эҳё ва мутобиқ гардонидани ҳуқуқ ба шароитҳои нави ҳаёт. Истилоҳи ресепсия, ки ба маънии пазириш, қабул, дарёфт, вусул мавриди истифода қарор мегирад, ба маънии васеи истилоҳ ҳамчун пазириши бошууронаи тамаддуни бегона ба манзури ғанӣ гардонидани тамаддуни хеш эътироф шудааст. Ресепсияи ҳуқуқ, ба мафҳуми маҳдуди истилоҳ, истифодаи низоми ҳуқуқи Римро дар як силсила кишварҳои Урупои Ғарбӣ, махсусан дар Олмон, ки ин раванд аз асри XII оғоз шуда, дар асрҳои ХУ-ХУ1 ба авҷи инкишофи худ расида буд, дар назар дорад. Императори Фаронса Наполеон Бонапарт дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки дар кишвараш он моҳиятан аз пазируфтани низоми ҳуқуқи Рум дарак медод, ҳамзамон ба василаи яроқу аслиҳаи урдуяш ҳуқуқи нави Фаронсаро ба тамоми кишварҳои зери тасарруфаш паҳн намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ресепсияи ҳуқуқ ба таври хоса сурат гирифтааст. Он мавзун ҷараён дорад, ки натиҷааш пазируфтани ниҳоди низоми ҳуқуқии румонию олмонии соф мебошад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 398