Рисолаи Қушайрия
Унвони мақола | ар. الرسالة القشيرية |
---|---|
Мавзӯъи аслӣ | тасаввуф |
Нависанда | Абдулкарими Қушайрӣ |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | арабӣ |
«Рисолаи Қушайрия» (ар. الرسالة القشيرية في علم التصوف) — асари маъруфи Абулқосими Қушайрӣ, ки дар солҳои 1059—1960 ба забони арабӣ навишта шудааст.
Ба таъбири худи Қушайрӣ «Рисолаи қушария» дастуре барои соликони роҳи тариқат мебошад. «Рисолаи қушайрия» аз ду фасл ва панҷоҳу чаҳор боб иборат аст. Дар фасли аввал ақидаҳои сӯфиён роҷеъ ба усули тасаввуф, тавҳид ва сифатҳои сӯфиён баён шудаанд. Фасли дуюм натиҷа ва хулосаҳои фасли аввал аст. Дар «Рисолаи қушайрия» шарҳи ҳол ва нақли афкори 83 намояндаи машҳури аҳди аввали тасаввуф (аз Иброҳими Адҳам то Ибни Атои Рудборӣ) зикр шудааст. Қушайрӣ ҳамчунин дар охири рисолааш дар бораи якчанд сӯфиёни муосираш низ маълумот додааст. Муаллиф зимни шарҳи таъбироти тасаввуфӣ намунае чанд аз таълимоти аҳли тасаввуф низ овардааст. Дигар бобҳои «Рисолаи қушайрия» аз аҳвол, мақомот, одоб, муомилот, ахлоқ ва анъанаи тасаввуф баҳс мекунад. Ҳамчунин масъалаҳои тариқати сӯфия, киромоти онҳо ва дигар маъ-лумот роҷеъ ба силсилаи тасаввуф таъбиру таъвил шудаанд. «Рисолаи қушайрия» яке аз маъхазҳои муҳиму мӯътабари таърихист.
Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна, Қушайрӣ ҳангоми навиштани рисолааш аз асари устодаш Абдурраҳмони Суламӣ «Табақоту-с-сӯфия» истифода намудааст. Мегӯянд, ки Шайх Аттор ҳангоми навиштани «Тазкирату-л-авлиё» аз «Рисолаи қушайрия» истифода кардааст. Шояд Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ низ зимни таълифи «Кашфу-л-маҳҷуб ли арбоби-л-қулуб» аз он ғизои маънавӣ гирифта бошад.
Намунаи зиёди матнҳои забони форсии «Рисолаи қушайрия» дар Эрону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рисолаи Қушайрия / М. Ҳазратқулов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).