Рихард Вилштеттер
Рихард Вилштеттер | |
|---|---|
| олмонӣ: Richard Martin Willstätter олмонӣ: Richard Willstätter | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 13 августи 1872[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 3 августи 1942[1][2][3][…] (69 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | шимии физик[d] |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Alfred Einhorn[d] ва Адолф Байер |
| Ҷоизаҳо | |
Рихард Мартин Вмлштеттер (олмонӣ: Richard Martin Willstätter; 13 августи 1872[1][2][3][…], Корлсруҳе[d][4] — 3 августи 1942[1][2][3][…], Муролту[d], Canton of Ticino[d][4]) — зистшимидони олмонӣ. Узви вобастаи хориҷии АИ Русия (1923), узви ифтихории хориҷии АИ ИҶШС (1929).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Мюнхен (1830). Профессори мактаби олии техникии Сюрих (1905), Институти қайсарии Вилгелм дар Берлин (1912—1915), профессори Донишгоҳи Мюнхен (1916—1925). Аз соли 1939 муқими Швейсария. Рихард Вилштеттер доир ба сохтори кимиёии тропин, атропин, кокаин ва дигар алкалоидҳо, инчунин пигментҳои хун пажӯҳиш анҷом додааст. Саҳми Рихард Вилштеттер хосса дар таҳқиқи ферментҳо назаррас аст. Соли 1915 барои омӯзиши маводди рагбахши наботот, бахусус хлорофилл сазовори мукофоти Нобел гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 3 4 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- 1 2 3 4 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- 1 2 3 4 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/richard-willstatter (итол.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилштеттер Рихард // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.