Jump to content

Булуғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Булуғ (ар. بلوغ‎ – расидан ба синни балоғат) — балоғат, истилоҳи фиқҳӣ, расидани инсон ба марҳалаи рушд барои риояи қонунҳои шаръӣ[1].

Аломатҳои булуғ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Булуғ мувофиқи таълимоти ислом бо панҷ аломат собит мешавад, ки се аломати он дар духтарону писарон муштарак ва ду аломати он танҳо ба занон хосанд:

  • эҳтилом (рехтани нутфа ҳангоми хоб)
  • рӯидани мӯи зери ноф
  • ҳайз дидан
  • ҳомила шудан
  • ба синни балоғат расидан

Дар бораи рӯидани мӯи зери ноф, ки оё бо он булуғи шахс собит мешавад ё не, дар миёни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ба қавли имом Молик (рҳ), имом Аҳ­мад (рҳ) ва дар як қавл аз имом Шофеӣ (рҳ) он аломати булуғ ба шумор меравад, вале дар назди имом Абуҳанифа (рҳ) бо он шаръан чизе собит намешавад, яъне он аломати булуғи навҷавон ба шумор намеравад.

Синни булуғ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Синни булуғ барои духтару писар дар назди аксари фақеҳон ҳабдаҳсолагӣ ва дар ривояти машҳур аз имом Абуҳа­нифа (рҳ) нуздаҳсолагӣ аст. Аммо имом Авзоӣ (рҳ), имом Шо­феӣ (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ) бошанд, булуғро барои ҳар ду ҷинс аз синни понздаҳсолагӣ муқаррар кардаанд. Расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Умарро барои иштирок дар ҷан­ги Хандақ дар синни понздаҳсолагӣ иҷозат дод, дар ҳоле ки ӯро дар ҷанги Уҳуд (як сол пеш), ки ҳанӯз чаҳордаҳ­сола буд, иҷозат надод ва ин амр меъёри таъйини синну соли булуғ дониста шуд.

Барои булуғ марҳалаи синнусолие муайян шудааст, ки мар­зи поёнии он барои писар синни дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар нуҳсолагӣ ва марзи болоии он барои писар синни ҳаждаҳсолагӣ ва барои духтар ҳабдаҳсолагӣ ба шумор меравад. Ба ин маъно, ки булуғ ба таври умумӣ метавонад дар писарон аз синни дувоздаҳсолагӣ ва дар духтарон аз синни нуҳсолагӣ шурӯъ гардад ва дар баъзе афрод давраи қабл аз булуғ то синни ҳабдаҳ ва ҳаждаҳ идома ёбад. Зеро бар асоси минтақаҳои ҷуғрофиёӣ, шароити иҷтимоӣ ва ҳамчунин хусу­си­ятҳои фардӣ ва физиологии ашхоси гуногун давраи расиш ва синнусоли булуғ дар ҳар шахс аз шахси дигар ва ҳар минтақае аз мин­та­қаи дигар фарқ мекунад. Бо таваҷ­ҷуҳ ба ин тафовутҳо фақеҳон барои марҳалаи умумии синнусоли булуғ зарфи замониеро бо таъ йини ҳадди поёнӣ ва болоии он дар назар гирифтаанд.

Аз он ҷо, ки ҷинси зан нисбат ба мард тезтар ба бало­ғат мерасад, синни умумии булуғ барои духтарон дар ҳадди болоӣ як сол пеш­тар нисбат ба син­ни умумии булуғ барои писарон пеш­бинӣ шудааст.

Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар нишасти давраи ҳаждаҳу­ми худ (9–14 июли 2007, шаҳри Бут­роҷояи Малайзия) пас аз баррасии масъалаи синни булуғ ва таъсири он дар боби таколифи шаръӣ дар таъйини синни булуғ қарори зеринро ба тасвиб расонд:

  1. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки булуғ ба рушди ҷисмонӣ ва расидани шахс ба марҳалаи синнусолие иртибот дорад, ки дар он нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти идрокаш ба камол мерасад, булуғи табиӣ дар масоили так­лиф ба ибодатҳо, ё бо зуҳури нишонаҳое, ки ба он далолат мекунанд ва ё бо рушди синнусолӣ собит мешавад, ки он бо камоли понз­даҳсолагӣ аст. Аммо дар боби тасарруфоти молӣ ва (субути аҳкоми) ҷиноӣ валии амр синни муносиберо барои булуғ муайян менамояд.
  2. Ба иҷро баровардани ҷазои ҳад ва ё қисос бар нобо­лиғ ҷоиз нест, вале таъдиб ва таъзири ӯ бо ҷазоҳое, ки ба марҳалаи синнусолиаш муносиб бошанд, ҷоиз аст.
  3. Аз ноболиғ ҷавобгариҳои молӣ, ба монанди замонати талафдодаҳо ва пардохти диятҳо, ҳамон гуна ки дар шаръ муқаррар гардидааст, ба ҳеч ваҷҳ соқит намешаванд.

Аҳаммияти мавзӯи булуғ дар фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ дар он аст, ки шахс пас аз расидан ба он марҳалаи синнусолӣ шаръан мавриди хитоби паёмҳои дин қарор мегирад, соҳибҳуқуқ мегардад, тасарруфоти шахсиаш ва ҳамчу­нин дигар аҳкоми шаръӣ дар ҳаққаш эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, - с.237-238 // А. Боқизода.
  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ۵. تهران، ۲۰۰۰؛
  • الموسوعة الفقهیة. الجزء ۸. الکویت، ۲۰۰۳؛
  • الموسوعة العربیة العالمیة. النسخة الکترونیة. الریاض، ۲۰۰۴؛
  • برهان الدین مرغنانی. الهدایة فی شرح البدایة المبتدی. جلد ۶. کراچی، ۲۰۰۶؛
  • وهبة الزهیلی. الفقهه الاسلامی و ادلته. دمشق، ۲۰۰۷؛
  • محمد امین بن عمر بن عبدالعزیز. رد المحتار. المجلد ۹. بیروت، ۲۰۰۷؛
  • ابن حمام حنفی.فتح القدیر شرح هدایة. المجلد ۹. بیروت، ۲۰۰۹؛
  • همان. تفسیر المنیر. مجلد. دمشق، ۲۰۰۹