Риёзулло Атохонов
Таърихи таваллуд | 7 декабр 1936 (87 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Исфара |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои равоншиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Риёзулло Атохонов (тав. 7 декабри 1936, Исфара, ҶШС Тоҷикистон) — риёзидон ва равоншиноси тоҷик, доктори илмҳои равоншиносӣ (1994), профессор (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1954 ба Донишкадаи муҳандисию сохтмонии ш. Москва дохил шуда, дар он ҷо ду сол таҳсил намудааст. Пас ба сифати муаллими математикаи мактаби миёна кор кардааст. Соли 1964 факултети физика- математикаи ДДОД ба номи Т. Шевченко ро хатм кардааст. Солҳои 1977—1982 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОД ба номи Т. Шевченко номбурда, 1982—1996 дотсент ва мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 1996 мудир ва профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи ш. Тюмени Федератсияи Россия мебошад. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, дастурҳои таълимиву методӣ ва фишурдаҳои илмӣ аст. Оид ба хусусиятҳои ҷамъбасткунии эмпирикӣ ва назарияи ҳалли масъалаҳои арифметикӣ дар мактабиёни хурдсол, психологияи инкишофи тафаккури математикии хонандагон корҳои илмӣ анҷом додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳалли масъала бо ёрии муодила (Дастури методӣ), Д., 1969.
- Дараҷаҳои инкишофи тафаккури математикӣ, Д., 1993;
- Тафаккури математикӣ ва методикаи муқарракунии сатҳи тараққиёти он, Д., 2000;
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 7 декабр
- Зодагони соли 1936
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Исфара
- Докторони улуми равоншиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Равоншиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон